Ҳомиёни олами ҳайвонот ва амнияти биология: Олимони Тоҷикистон натиҷаи 85 соли таҳқиқоти Институти зоология ва паразитологияро ҷамъбаст намуданд - ИА Караван Инфо
Ҳомиёни олами ҳайвонот ва амнияти биология: Олимони Тоҷикистон натиҷаи 85 соли таҳқиқоти Институти зоология ва паразитологияро ҷамъбаст намуданд

Душанбе, 19 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Фауна ва экологияи ҳайвоноти Тоҷикистон: дастовардҳои асосӣ ва дурнамои таҳқиқот» баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз ҷониби Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ба ифтихори 85-солагии муассиса ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ҳамоиш зоологҳо, паразитологҳо ва муҳаққиқони барҷастаро аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон, инчунин намояндагони сохторҳои ҳифзи табиатро ба ҳам овард.

Фаъолияти Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский на танҳо аҳамияти бунёдии илмӣ, балки аҳамияти бузурги амалӣ барои иқтисодиёт, соҳаи кишоварзӣ ва тандурустии Тоҷикистон дорад. Таҳқиқи фаунаи баландкӯҳ заминаи асосӣ барои ҳифзи экосистемаҳои нодири Помиру Ҳисор мебошад.

Дар ҳамин ҳол, таҳияи усулҳои биологии ҳифзи ҳосил аз зараррасонҳо ва назорати манбаъҳои табиии сироятҳо омили калидии таъмини амнияти озуқаворӣ ва санитарию эпидемиологии кишвар дар шароити тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад.

Тавре узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов иброз дошт, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқот — дурбинҳои аксбардории худкор (фотоловушкаҳо), таҳлили ДНК ва омӯзиши изи ҳайвонот — ба олимон имкон дод, ки дар бораи саршумори ҳайвоноти даррандаи нодир маълумоти дақиқ ба даст оранд:

Мониторинги паланги барфӣ: Дар қаторкӯҳҳои Зарафшон дурбинҳо беш аз 300 акси паланги барфиро (се сар) ба кайд гирифтанд. Дар нишасгоҳи шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ҷануби Зарафшон 56 акси дигар (се сар) бардошта шуд. Ҳамчунин, ин дарандаи нодир дар ҳудуди Боғи миллии табиии «Яғноб» низ ба навор гирифта шуд.

Ҳифзи фаунаи нодир: Таҳқиқоти ҳамаҷонибаи бузи кӯҳӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, каргаси сиёҳ ва дигар паррандагони шикорӣ идома дорад.

Фонди мамнуъгоҳҳо: Асосҳои илмии институт барои таъсиси мамнуъгоҳи «Зоркӯл» (соли 2000) ва парваришгоҳи «Баҳри Тоҷик» (соли 2024), инчунин нашри Китоби сурхи Тоҷикистон замина гузоштанд.

Соли 2026 яке аз дастовардҳои муҳими институт барқарор намудани фаъолияти лабораторияи биологӣ гардид. Олимон парвариши се намуди ҳашароти фоиданокро — габробракон, трихограмма ва занбӯри тиллочашм ба роҳ монданд. Истифодаи онҳо дар заминҳои кишт имкон медиҳад, ки зараррасонҳо (масалан, малах ва гамбуски колорадоӣ) ба таври табиӣ нобуд карда шуда, истифодаи моддаҳои химиявӣ коҳиш дода шавад.

Дар соҳаи паразитология ва тандурустӣ, олимон истифодаи душманони табиии кирми ҳашароти хунхорро (истифодаи баъзе намудҳои моҳиҳо ва гамбусҳои обӣ) таҳқиқ карда, харитаи паҳншавии канаҳоро дар ҷануби кишвар барои пешгирии бемориҳои чорво меомӯзанд.

Дар давоми 85 соли фаъолият (аз соли 1941) ҷамоати илмии институт қариб 800 таксони нави ҳайвонотро барои илм тавсиф намуда, 18 ҷилди силсилаи «Фаунаи Тоҷикистон»-ро ба нашр расониданд ва анъанаҳои академик Евгений Павловскийро бо муваффақият идома медиҳанд.

Акс: Институти зоология ва паразитологияи АМИТ / АМИТ «Ховар».