Душанбе, 21 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзи 20 октябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Он ба баррасии самтҳои афзалиятноки омодасозии мутахассисон дар соҳаи тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ бахшида шудааст.

Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, роҳбари Намояндагии СҶТ дар ҷумҳурӣ Ҷянҷун Сяо, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва намояндагони вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки Осиёи Марказӣ дар минтақаи аврупоии СҶТ яке аз зерминтақаҳое мебошад, ки нишондиҳандаҳои пасти саломатии аҳолӣ ва мушкилоти мураккабтарин дар соҳаи захираҳои инсонӣ барои тандурустӣ, бахусус дар сатҳи нигоҳубини аввалияи тиббӣ дорад.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки СҶТ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ зич ҳамкорӣ мекунад, то уҳдадориҳои сиёсиро барои ҳалли масъалаҳои қувваи кории тиббӣ тақвият диҳад. Барои ин, аз ҷумла, ташаббусҳои зерминтақавӣ, аз қабили «Роҳнамоҳои стратегӣ барои ҳамширагӣ ва момодоягӣ» ва «Арзёбии тибби оилавӣ дар Осиёи Марказӣ» истифода мешаванд.

Бо назардошти дастгирии техникии кишварҳои минтақа, ҷаласа ба омӯзиши табибон ва ҳамшираҳои оилавӣ барои расонидани ёрии босифат дар сатҳи нигоҳубини аввалияи тиббӣ равона шудааст. Таъкид гардид, ки тақвияти тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ дар нигоҳубини аввалияи тиббӣ метавонад ба коҳиш додани беморшавӣ ва фавт дар Осиёи Марказӣ саҳми назаррас гузорад.
Вазифаҳои асосии ҷаласа инҳоянд:
- мубодилаи моделҳои муваффақ ва таҷрибаҳои амалӣ дар омӯзиши мутахассисони тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ дар нигоҳубини аввалия дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи аврупоии СҶТ;
- муаррифии таҷрибаи кишварҳои минтақаи аврупоии СҶТ;
- муҳокимаи мушкилоти пайдошуда ва дарсҳои омӯхташуда дар омӯзиши табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои ёрии аввалия барои беҳтар кардани сифати нигоҳубини аввалияи тиббӣ;
- арзёбии ниёзҳои кишварҳо ва банақшагирии амалҳои минбаъда бо назардошти тавсияҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.

Ҷаласа то 21 октябр идома хоҳад ёфт.
Акс: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ
