Қоҳира, 23 октябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Қазоқистон ва Миср протоколи бидуни раводидро барои дорандагони шиносномаҳои хидматӣ имзо намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки Қазоқистонро аз рӯйхати кишварҳо бо талаботи иловагӣ ҳангоми вуруди сайёҳон хориҷ кунанд. Ҳуҷҷатҳо дар натиҷаи гуфтушунидҳои Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ бо вазири ВКХ-и Миср Бадр Абделатти имзо шудаанд.

Ҷонибҳо муколамаи сиёсӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар майдончаҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. Вазирон сатҳи баланди муносибатҳо ва аҳамияти машваратҳои байнимидавиро қайд намуданд. Дар робита ба интихоботи парлумонии Миср ва тағйироти конститутсионӣ дар Қазоқистон тасмим гирифта шуд, ки кори “Гурӯҳҳои дӯстӣ” – и байнипарлумонӣ фаъол намуда шавад.
Ба робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ диққати махсус дода шуд. Дар савдо дурнамои тавсеаи таъминоти мутақобила ва лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ қайд намуда шудааст.
АксҳоВКХ-и ҶҚ
