Интегратсияи энергетикӣ: Тоҷикистон метавонад дар доираи лоиҳаи «Ҳалқаи гази Осиёи Марказӣ» гази Туркманистонро дастрас намояд - ИА Караван Инфо
Интегратсияи энергетикӣ: Тоҷикистон метавонад дар доираи лоиҳаи «Ҳалқаи гази Осиёи Марказӣ» гази Туркманистонро дастрас намояд

Душанбе, 24 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар доираи лоиҳаи дурнамодори «Ҳалқаи гази Осиёи Марказӣ» ба низоми ягонаи минтақавии интиқоли гази табиӣ ворид гардад.

Дар ин бора директори иҷроияи Маркази ҷаҳонии газ (Global Gas Centre) Валери Дюкро зимни суханронии худ дар Конфронси байналмилалии «Нафт ва гази Туркманистон — 2026» (OGT-2026,21-23 октябр) дар шаҳри Ишқобод изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, татбиқи ин ташаббус роҳҳои иловагии интиқоли гази Туркманистонро ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва дар сурати мавҷудияти пайвастҳои зарурӣ — инчунин ба Қирғизистон ва Тоҷикистон боз хоҳад кард.

Бунёди низоми ҳалқавии интиқоли газ, ки арзиши он 5 миллиард доллари ИМА арзёбӣ мешавад, барои ҳалли мушкилоти мавсимии касрои энергия дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.

Лоиҳа сохтмон ва азнавсозии беш аз 3 ҳазор километр хатҳои газро пешбинӣ мекунад, ки ба панҷ кишвари минтақа имкон медиҳад гази табииро, бахусус дар фасли зимистон, ба таври чандир байни ҳам тақсим намоянд.

Барои Тоҷикистон, ки низоми энергетикии он дар фасли сармо бо афзоиши истеъмоли соҳибкорону аҳолӣ мувоҷеҳ мешавад, пайваст шудан ба ин «Ҳалқаи газ» аҳаммияти стратегӣ дорад.

Дастрасӣ ба гази Туркманистон амнияти энергетикии кишварро таҳким бахшида, фаъолияти муътадили корхонаҳои бузурги саноатӣ ва марказҳои гармидиҳиро дар фасли зимистон таъмин менамояд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки татбиқи техникии лоиҳа метавонад ба имкониятҳои мавҷуда ва нави инфрасохторӣ такя кунад:

  • Ҳамгироии инфрасохторӣ: Азнавсозии пойгоҳҳои фишороварӣ ва пайваст кардани хатҳо бо сохтмони соҳавии хати «D»-и қубури гази транснационалии «Осиёи Марказӣ — Чин», ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад.
  • Тавозуни мавсимӣ: Имконияти тақсимоти мутақобилаи газ миёни кишварҳои минтақа дар давраи авҷи сармо.

Таъсиси «Ҳалқаи гази Осиёи Марказӣ» қадами калидӣ дар роҳи эҷоди бозори ягонаи энергетикии минтақа ва таҳкими устувории иқтисодии кишварҳо хоҳад буд.

ФОТО: https://vestiabad.ru/ https://daryo.uz/