Остона, 05 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар 20 соли охир Қазоқистон аз кишварҳои барномаи САРЭС беш аз 30 миллиард доллар сармоягузории мустақими хориҷиро ҷалб намудааст. Дар ин бора муовини сарвазири иқтисоди миллӣ Серрик Жумангарин дар форуми дуюми Тян-Шан дар Алмаато изҳор дошт.

Тибқи натиҷаҳои соли 2025, гардиши молҳои Қазоқистон бо кишварҳои САРЭС ба 8,8 миллиард доллар расид, ки 14,4% афзуд. Дар айни замон, сармоягузории Қазоқистон ба давлатҳои минтақа аз 4 миллиард доллар зиёд буд.
“Вазифаи умумии мо – на танҳо афзоиши ҳаҷми савдо, балки пайваста бартараф намудани монеаҳо, содда намудани расмиёти савдо, рушди тиҷорати электронӣ ва васеъ намудани дастрасии соҳибкорон ба бозорҳои давлатҳои ҳамсоя мебошад” – қайд намуд Ҷумангарин
Дар байни афзалиятҳои ҳамкорӣ логистикаи нақлиётӣ, рақамисозии савдо, энергетика, саноат ва кишоварзӣ мебошанд. Ба ташкили истеҳсолоти муосир ва ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои дорои арзиши баланди иловашуда диққати махсус дода мешавад.
Форум таҳти шиори таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва сармоягузории босифат баргузор шуд. Дар он намояндагони ҳукуматҳо, институтҳои байналмилалии молиявӣ, тиҷорат ва ҷомеаи коршиносон иштирок намуданд.
Аксҳо: МНЭ-и ҶҚ
