Душанбе, 7 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи «Раванди Ақаба» таҳти унвони «Амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ», ки дар шаҳри Остона баргузор мегардад, бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот карданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Урдун баррасӣ шуданд. Дар оғози суҳбат Пешвои миллат таъкид карданд, ки Тоҷикистон Урдунро яке аз шарикони муҳими худ дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом медонад.
Зимни мулоқот ба рушди муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид. Зарурати таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқӣ, тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол намудани механизмҳои дуҷониба, аз ҷумла машваратҳои сиёсӣ ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъкид шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҳамдигарро баррасӣ карданд. Дар ин замина, доир ба аҳаммияти «Раванди Ақаба», ки бо ташаббуси Урдун роҳандозӣ шудааст, инчунин имкониятҳои ҳамкории муштарак барои истифодаи босамар ва бехатари зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосири рақамӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар идомаи суҳбат вазъи кунунии Ховари Миёна ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар ин минтақа низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
