Душанбе, 7 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 4 ноябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маросими тантанавии ифтитоҳи кафедраи зеҳни сунъӣ ва педагогикаи рақамӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз донишгоҳ хабар доданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кафедраи нав ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир аҳаммияти рӯзафзун пайдо кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон бо дастгирии ташаббусҳо ва дастуру ҳидоятҳои стратегии Пешвои миллат ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Таъсиси кафедраи нав яке аз қадамҳои амалӣ дар самти рушди соҳаи рақамикунонӣ дар низоми таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои омӯзиши зеҳни сунъӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти омӯзгорӣ ба шумор меравад.
Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон се намунаи техникаи роботӣ — роботи бехатари «Дианелла», роботи сагшакл ва роботи ёрирасон муаррифӣ карда шуданд. Роботҳо ҳозиринро бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ истиқбол гирифта, имкониятҳои муоширати овозиро бо истифода аз ду забон намоиш доданд.
Дар анҷоми маросим ректори донишгоҳ мудири кафедра ва ҳайати омӯзгорону профессорони онро ба муносибати таъсиси воҳиди нав табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда, корҳои илмӣ-таълимӣ ва касбӣ муваффақият орзу намуд.
Таъсиси кафедра аз густариши истифодаи воситаҳои рақамӣ дар муҳити таълим ва рушди самтҳои нави омодасозии мутахассисон дар шароити тағйироти технологӣ шаҳодат медиҳад.
Акс: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
