Душанбе, 9 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар қасри президентии Ақорда мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Мавзӯи меҳварии гуфтугӯҳо рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду давлат буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз раванди рушди ҳамкории дуҷониба дар самтҳои калидӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Қазоқистон яке аз шарикони пешбари тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти дар ҷараёни музокирот зикршуда, дар нӯҳ моҳи соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ миёни ду кишвар 25,6 фоиз афзоиш ёфта, аз як миллиард доллари ИМА гузаштааст.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш самимона хайрамақдам гуфта, изҳор доштанд, ки муносибатҳои ду давлати бародар имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд.
Тавсеаи робитаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби фаъоли доираҳои соҳибкории ду кишвар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак аз мавзӯъҳои дигари музокирот буд.
Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар арафаи ин сафар дар Остона баргузор гардид, барои густариши робитаҳои мустақими соҳибкорон имкониятҳои навро нишон дод.
Ҷонибҳо энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, инфрасохтори рақамӣ ва зеҳни сунъиро аз самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда арзёбӣ карданд. Дар соҳаи саноат таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин ташаккули занҷираҳои устувори истеҳсолӣ муҳим дониста шуд.
Дар бахши гуманитарӣ рушди табодули фарҳангӣ, таълимӣ, академӣ ва тиббӣ баррасӣ гардид. Ба омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои амнияти киберӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Бо дарназардошти вазъи мураккаби байналмилалӣ, ҷонибҳо зарурати ҳамоҳангсозии талошҳоро дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ таъкид карданд.
Дар фарҷоми музокирот инчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
