Душанбе, 25 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати кафедраи сайёҳӣ ва хизматрасонии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) дар Форуми байналмилалии «Студтуризм-2026» иштирок дорад, ки аз 23 то 27 ноябр дар заминаи Донишгоҳи федералии Балтика ба номи Иммануил Кант дар шаҳри Калининград баргузор мегардад. Чорабинӣ беш аз 500 иштирокчиро аз нӯҳ кишвар, аз ҷумла намояндагони 290 муассисаи таҳсилоти олии Русия, ба ҳам овардааст.

Дар форум донишҷӯён, муҳаққиқони ҷавон ва намояндагони муассисаҳои таълимии Русия, инчунин Арманистон, Абхозистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Осетияи Ҷанубӣ иштирок мекунанд.
Дар давоми панҷ рӯз иштирокчиён таҷрибаи худро мубодила намуда, дурнамои рушди сайёҳии ҷавонон ва донишҷӯёнро баррасӣ мекунанд, ташаббусҳои муштарак таҳия намуда, бо имкониятҳои сайёҳии минтақаҳо ва инфрасохтори таълимии донишгоҳҳо шинос мешаванд.
Яке аз самтҳои калидии барнома рушди ҳамкориҳои байналмилалии байнидонишгоҳӣ мебошад. Ба фаъолияти маҳфилҳои донишҷӯёни сайёҳ, мубодилаи таҷрибаи ташкили сафарҳо ва таъсиси сохторҳои соҳавӣ дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Барномаи форум шаш самти мавзӯиро дар бар гирифта, ҷанбаҳои асосии рушди сайёҳии донишҷӯён ва ҳамкории муассисаҳои таълимиро фаро мегирад. Шиори чорабинӣ — «Бе ту кор пеш намеравад» — ғояи муттаҳидсозии ҷавонони кишварҳои гуногун, фарҳангҳо ва анъанаҳоро дар атрофи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва сайёҳӣ инъикос менамояд.
Дар доираи маросими ифтитоҳ иштирокчиён ҳамчунин аз шаҳраки донишҷӯёни «Кантиана»-и Донишгоҳи федералии Балтика боздид намуданд. Сохтмони ин маҷмаа дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз аз ҳашт иншооти он шаштоаш мавриди истифода қарор дода шудааст.
Барномаи федералии «Студтуризм» аз соли 2021 дар Русия амалӣ гардида, ба донишҷӯён, аспирантон, олимони ҷавон ва мутахассисони то 35-сола имконият медиҳад, ки дар дохили кишвар сафар намуда, аз донишгоҳҳои шарик боздид кунанд ва дар хобгоҳҳои онҳо ҷойгир шаванд. Соли 2025 дар доираи барнома тақрибан 20 ҳазор ҷавон иштирок намуданд. Барои соли 2026 афзоиши ин нишондиҳанда то 25 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.

Иштироки ҳайати ДСРТ дар форум барои барқарор намудани робитаҳои касбӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, мубодилаи таҷриба ва омӯзиши усулҳои муосири ташкили сайёҳии ҷавонон имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад. Барои Тоҷикистон рушди чунин ҳамкорӣ ҳамчунин дар самти густариши табодули таълимӣ, таҳкими робитаҳои академӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар байни ҷавонон аҳаммият дорад.
АКС: Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
