Душанбе, 25 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаҳои гуногун ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои ватандӯстона эҳтироми худро ба рамзҳои миллии кишвар ифода намуда, аҳамияти онҳоро дар таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба давлатдории Тоҷикистон таъкид карданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол буда, таҷассумгари таъриху фарҳанги миллӣ, озодӣ, истиқлол ва пайванди наслҳо дар роҳи таҳкими давлатдории тоҷикон мебошад.

Чорабиниҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамасола ба як ҷузъи муҳими ҳаёти ҷамъиятии кишвар табдил ёфта, ба ҳифзи эҳтиром ба рамзҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои ватандӯстӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба таърих ва анъанаҳои давлатдорӣ мусоидат мекунанд.
АКС:Радиои “Садои Душанбе”
