Дар Остона мулокоти намояндагони Казокистон ва Кореяи чануби бахшида ба густариши хамкории дучониба баргузор шуд. Муовини вазири корхои хоричии Казокистон Алибек Куантиров ва раиси ассотсиатсияи воридкунандагони Корея Бюнг-Гван Ким дурнамои рушди лоихахои муштаракро барраси намуданд.

Чониби Казокистон ба шарикони Корея маълумот дар бораи фазои сармоягузории кишвар ва чорахои дастгирии давлатиро пешниход намуд. Ба самтхои ояндадори хамкори, ба монанди саноати хуроквори, тиб ва махалликунонии истехсоли чузъхои металлхои нодир диккати махсус дода шуд.
Раиси ассотсиатсияи воридкунандагони Корея ба хамкори бо Казокистон изхори манфиатдори намуд. Вай пойгохи бой ва иктидори захирахои Казокистонро барои махаллисозии истехсоли молхои ба содирот нигаронидашударо кайд намуд. Дар баробари ин, Бюнг-Гван Ким масъалаи зарурати бехтар намудани инфрасохтори логистикиро барои осон намудани содироти махсулоти Казокистони ба Кореяи Чануби ба миён овард.
Дар натичаи мулокот чонибхо ба мувофика расиданд, ки хамкориро дар бахши аграри рушд диханд ва аз интиколи гандуми Казокистон ба Кореяи Чануби огоз кунанд. Инчунин карор кабул намуда шуд, ки мухокимаи масъалахои логистики барои бартараф намудани монеахои мавчуда идома дода шавад.
Аксхо: ВКХ ЧК
