31 октябр дар шаҳри Кӯлоб Фестивали вилоятии «Либоси миллӣ — осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Дар фестивали вилоятӣ фаъолзанони 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Дар назди майдони Парчами шаҳри Кӯлоб, занон бо либосҳои миллӣ, ки аз матоъҳои атлас, адрас, чакан ва гулбаст дӯхта шудаанд, роҳпаймоӣ намуданд.

Мақсади баргузории фестивал, озмун ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии фарҳанги бегона мебошад. Инчунин, фестивал равона шудааст ба тарбияи насли наврас, махсусан ҷавондухтарон, дар руҳияи ватандӯстӣ.

Миллати тоҷик аз қадим бо либоси хоссаи худ фарқ мекард ва, хушбахтона, ин анъана то ҳол зинда аст. Сарвари давлат дар аксарияти суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ба бар намудани либоси миллӣ ва даст кашидан аз фарҳанги бегона муҳим аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо қайд намудаанд: «…ҳар миллат аз рӯи собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ тарзу анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онҳоро инъикос менамояд. Ҳар миллат аз рӯи забон, фарҳанг ва шакли либоспӯшияш шинохта мешавад. Модарону занони тоҷик либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштанд, ки дар баробари зебоиву рангорангӣ, меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми моро низ инъикос мекунад».
Дар фестивал таъкид шуд: «Занону модарони тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат буданд, ҳастанд ва мемонанд. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, симои занони тоҷик бо либоси хосса пеши назар меояд».
Мавриди зикр аст, ки бо қарори Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО 29 ноябри соли 2018 «Чакан» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Дар поёни фестивал ба фаъолони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои саҳми онҳо дар тарғибу рушди фарҳанги миллӣ Сипосномаҳо тақдим гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб