Душанбе, 30 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон 29 июн фестивали футбол ва мусобиқаи блиц дар доираи барномаи байналмилалии FIFA Women’s Football Campaign ҷамъбаст гардид. Ин чорабинӣ бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба рушди футболи занона ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои кӯдакон дар соҳаи варзиш мебошад.

Маросими ҷамъбастии барнома дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» баргузор шуда, тақрибан 200 нафар духтарчаи аз 6 то 12-соларо аз минтақаҳои гуногун гирди ҳам овард. Иштирокчиён дар эстафетаҳои футболӣ, машқҳои бозӣ ва озмунҳои шавқовар иштирок намуда, таҷрибаи нахустини худро дар фазои идонаи варзишӣ ғанӣ гардониданд.
Ҳадафи асосии барномаи FIFA Women’s Football Campaign баланд бардоштани маъруфияти футболи занона, тағйир додани муносибати ҷомеа нисбат ба ин намуди варзиш ва ҷалби духтарон ба машғулиятҳои мунтазами футбол мебошад. Барнома инчунин барои он равона шудааст, ки кӯдакон имкониятҳои баробар барои рушди қобилиятҳои варзишии худро соҳиб гарданд.
Чунин ташаббусҳо барои ташаккули муҳити фарогири варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди сифатҳои роҳбарӣ, эътимод ба худ ва малакаҳои кори дастаҷамъона аҳамияти калон доранд. Маҳз аз чунин лоиҳаҳо насли нави варзишгарони муваффақ ташаккул меёбад.

Дар анҷоми фестивал ҳамаи иштирокчиён бо медалҳои хотиравӣ, тӯбҳои футбол ва футболкаҳои махсус сарфароз гардонида шуданд. Ин туҳфаҳо рамзи дастгирии қадамҳои нахустини онҳо дар роҳи варзиши касбӣ арзёбӣ мешаванд.
Татбиқи чунин барномаҳои байналмилалии FIFA дар Тоҷикистон аз сиёсати пайгиронаи рушди варзиши кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли духтарон дар ҳаракати футболӣ шаҳодат медиҳад. Ин ташаббусҳо барои омода намудани насли нави футболбозони тоҷик ва таҳкими мавқеи футболи занона дар кишвар заминаи устувор фароҳам меоранд.
Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон
