Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев аз Чемпионати ҷаҳон бо медали биринҷӣ баргашт – ИА Караван Инфо
Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев аз Чемпионати ҷаҳон бо медали биринҷӣ баргашт

Аз 29 то 31 октябр дар шаҳри Тиранаи Албания Чемпионати ҷаҳон дар вазнҳои ғайриолимпӣ оид ба гӯштини тарзи озод доир гардид. Дар ин мусобиқа, паҳлавони маъруфи Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев бо маҳорати воло рақибонашро мағлуб намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ин хабарро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.

    Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 70 кг дар даври аввал бо ҳисоби 11 бар 0 намояндаи Муғулистон, Энхтуя,ро шикаст дод. Вай дар даври дуюм бо ҳисоби 12 бар 2 Рамазон Рамазонови булғориро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

    Дар даври чаҳорякниҳоӣ, Абдулмаҷид Кудиев дар як рақобати мушкил бо ҳисоби 6 бар 5 Сино Халилӣ аз Эронро шикаст дод ва ба даври нимниҳоӣ баромад. Аммо дар ин марҳила, вай пас аз як иштибоҳ бо ҳисоби 2 бар 13 аз Нуржока Кайпанови қазоқ шикаст хӯрда, ба финал роҳ наёфт.

    Вале, Абдулмаҷид барои медали биринҷӣ бо ҳисоби 13 бар 2 Акаки Кемертелидзеи гурҷиро шикаст дод ва медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд.

    АКС аз манбаъҳои боз.

    error: