Тоҷикистон ва Русия созишномаро дар бораи содда кардани расмиёти гумрукӣ имзо карданд – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ва Русия созишномаро дар бораи содда кардани расмиёти гумрукӣ имзо карданд

29 октябр дар Маскав, дар доираи Форуми байналмилалии гумрукӣ, байни хадамоти гумрукии Тоҷикистон ва Русия «Созишнома оид ба соддасозии долони гумрукӣ» ба имзо расид. Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.

Ҳуҷҷатро раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва роҳбари Хадамоти федералии гумруки Русия Валерий Пикалёв имзо карданд. Созишномаи мазкур ба тавсеаи шароити мусоиди тиҷоратӣ байни кишварҳо нигаронида шуда, барои ширкатҳое, ки ба категорияи сатҳи пасти хатар шомиланд, аз ҷумла иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ИЭХ), равандҳои интиқоли молро суръат мебахшад.

Дар барномаи корӣ ва намоишгоҳи интерактивии форум намояндагони 27 ҳайати байналмилалӣ, зиёда аз 1,5 ҳазор узви мақомоти федералӣ, ҷамъиятҳои соҳибкорӣ ва созмонҳои тиҷоратӣ, инчунин коршиносони соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз Русия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Мавзӯи асосии рӯзи аввал дар форум роҳҳои нави рушди тиҷорати байналмилалӣ дар шароити чолишҳои муосири геополитикӣ ва системаҳои дастгирии соҳибкорӣ буданд. Дар ҷаласаи «Суръат бахшидани амалиётҳои трансмарзӣ – калиди рушди тиҷорати нави байналмилалии Русия» коршиносон масъалаҳои воридсозии технологияҳои мусоидаткунандаи барасмиятдарории бор ва рушди инфрасохтори гузаргоҳҳои афзалиятнок ва долонҳои нақлиётиро дар фазои ИИАО ва кишварҳои минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором муҳокима намуданд.

Дар доираи форум як қатор мизҳои гирд оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла таҳкими ҳамкории гумрукии Русия бо хадамоти гумрукии кишварҳои хориҷӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва маҳсулоти тамоку баргузор гардиданд.

Дар минтақаи намоишгоҳи интерактивӣ ба иштирокчиён технологияҳои нави назорати гумрукӣ, ки гурӯҳҳои мобилии ХФГ-и Русия истифода мебаранд, муаррифӣ шуданд. Хизматрасониҳои пардохт ва идоракунии гумрукии онлайнӣ, ки барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таҳия шудаанд, таваҷҷӯҳи зиёдро ҷалб карданд.

Акс аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон

error: