Дар аввали мохи ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ба Кувайт ёддошти байнихукумати оид ба хамкори дар сохаи мухочирати мехнати ба имзо расид. Ин санад раванди шугли шахрвандони Точикистонро дар Бахши хусусии Кувайт танзим мекунад ва ба содда намудани тартибот ва хифзи хукуки мухочирон нигаронида шудааст.

Тибки созишномаи имзошуда, мухочирони точик дар асоси шартномахои мехнатии инфироди, ки конунгузории Кувайт танзим мекунад, кор хоханд намуд. Меморандум ахамияти таъмини хукуки коргарони хоричиро дар бахши хусуси тибки конунхои харду кишвар таъкид мекунад ва оптимизатсияи талабот ва механизмхои мухочирати мехнатиро пешбини мекунад.
Максади асосии созишнома тахкими хамкории дучониба дар сохаи мехнат ва шугл, инчунин таъмини химояи хукуки шахрвандони точик, ки муваккатан дар Кувайт кор мекунанд. То имзои ёддошт дар Кувайт ба кор даровардани муташаккили точикон вучуд надошт.
Хуччати нав барои шугли конуни ва муназзами шахрвандони чумхури имконият фарохам меорад.
Ин кадами аввалин барои ташкили системаи хамохангсози ва баланд бардоштани сатхи мухочирати мехнати мебошад. Меморандуми имзошуда ба диверсификатсияи самтхои мухочирати мехнати, рушди робитахои дучониба ва баланд бардоштани амнияти мухочирони мехнати равона шудааст.
Акнун шахрвандони Точикистон барои кор дар кишвархои Халичи Форс ба таври конуни имкониятхои бештар пайдо мекунанд. Ин икдом метавонад барои бехтар намудани шароити мухочирати мехнати ва хифзи шахрвандони Точикистон дар хорича калиди бошад.
Аксхо аз манбаъхои кушода