Вазири наклиети Точикистон Азим Иброхим бо намояндагони миссияи бонки Чахони мулокот намуд. Татбики лоихаи «Бехтар кардани роххои минтакавии алока дар Осиеи Маркази» (БРАМ-4) барраси шуд.

Чорабинихо дар доираи лоихаи якуми «БРАМ-4» холо дар 4 иншооти вилояти Сугд ва дар 2 китъаи сохтмонии вилояти мухтори Кухистони Бадахшон (ВМКБ) амали карда мешаванд. Аъзои миссияи бонки Чахони ният доранд, ки ба иншооти сохташаванда ташриф оранд.

А. Иброхим изхори бовари намуд, ки лоиха бо дастгирии фаъоли гурухи бонки Чахони дар Точикистон амали карда мешавад. Дар аввали мохи апрели соли равон дар доираи лоихаи «Баланд бардоштани бехатарии дороихои рох ва бехатарии харакати рох» бо ширкати консалтингии бритониеии EASST Expertize LTD барои хизматрасони оид ба дастгирии идораи МИИ ВКД ЧТ дар баланд бардоштани сатхи истифодаи камарбанди бехатари шартнома ба имзо расид.

Лоихаи таъсиси Обсерваторияи бехатарии харакати рох бомуваффакият пеш меравад. Вазифаи техники оид ба интихоби мушовири байналмилали аллакай тахия шудааст. Дар айни замон интихоби мушовир барои тахияи стратегияи Миллии баланд бардоштани сатхи бехатарии харакати рох дар роххои Чумхурии Точикистон ташкил карда шудааст.
Дар доираи «БРАМ-4» тахияи системаи идоракунии дороихои рох (ИДР) дар Точикистон пешбини шудааст. Таъсиси пойгохи додахои ракамии ИДР дар доираи лоиха барои бакайдгири, нигохдори ва тахлили маълумот дар бораи шохроххои Точикистон имкон медихад.
Ширкати байналмилалии Corporate Solutions аллакай хуччатхои дахлдори тендерро барои тахияи ИДР омода кардааст.
Аксхо: Вазорати наклиети Чумхурии Точикистон