“Кia Motors” намояндагии худро дар ҶумҳурииТоҷикистон мекушояд

Раиси Шӯрои роҳбарони ширкати тоҷикистонии ООО “Лесинвест” Шарифбек Давлатов  дар шартномаи ҳамкорӣ бо намояндаи расмии ширкати худравсоз (мошинсозӣ)-и корягии  “Кia Motors” оғои Чжу Ким имзо гузошт.  

Бад ин тартиб, мувофиқи шартномаи ба имзо расида, дар поитахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба наздикӣ дафтари намояндагии “Кia Motors” кушода хоҳад шуд. 

Дар ин вохӯрӣ ишора ба он карда шуд, ки муносибати дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол равнақ ёфта истодааст. Ҳамчунин ишитроккардагони гуфтушунид ишора ба он карданд, ки имрӯз дар муносибати тиҷоратӣ-иқтисодӣ пояи мустаҳам миёни ду кишвар гузошта шуд.