Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» доир мегардад.
Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, он аз 24 то 26 октябри соли равон дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) баргузор мешавад.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Туркманистон, Корея, Чин, Покистон ва Эрон маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии беҳтарин ширкатҳои ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи мамлакат маъруф мебошанд, муаррифӣ мегарданд.
Баргузории намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

