Шӯрои Амнияти Қазоқистон мақоми нав ва ваколатҳои нав гирифт - ИА Караван Инфо
Шӯрои Амнияти Қазоқистон мақоми нав ва ваколатҳои нав гирифт

Остона, 12 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Президент Қасим-Жомарт Токаев муқаррароти навро дар бораи Шӯрои Амният ва Дастгоҳи он тасдиқ намуд. Фармони дахлдор вазифаҳои сохтор ва ваколатҳои Муовини Раиси Шӯрои Амниятро муайян мекунад.

Диққати асосӣ ба таҳлили таҳдидҳои глобалӣ ва хатарҳои дохилӣ, масъалаҳои амнияти миллӣ, мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва устувории идоракунии давлатӣ равона карда мешавад.

Муовини Раиси Шӯрои Амният инчунин кори мақомоти давлатиро дар соҳаҳои амнияти иттилоотӣ ва киберӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, муқовимат ба коррупсия ва ҷинояткории иқтисодӣ ва ҳифзи шаҳрвандӣ ҳамоҳанг хоҳад намуд.

«Фаъолияти Дастгоҳи Шӯрои Амният ба тақвият ва такмили назорати хатарҳо дар соҳаи амнияти миллӣ ва таъмини устувории идоракунии давлатӣ равона шудааст», – таъкид кард Қасим-Ҷомарт Токаев.

Дастгоҳи Шӯрои Амният ҳамчун як мақоми мустақили давлатӣ муайян карда шудааст, ки бевосита ба Президент итоат мекунад ва ҳисобот медиҳад.

Ваколатҳои нав ба ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Қазоқистон, тамомияти арзӣ, манфиатҳои миллӣ ва асосҳои сохти конститутсионӣ нигаронида шудаанд.

Аксҳо: Акорда