- ИА Караван Инфо

Душанбе, 14 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи чорабиниҳои ҷаласаи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 13 ноябр Раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои стратегии миёни Тоҷикистон ва Беларусро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама самтҳо бо пояи эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд мекунанд.

Ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва тақвияти робитаҳо миёни мақомоти соҳавӣ ва доираҳои соҳибкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо нақши муколамаи мунтазами сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко-ро баланд арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки муносибатҳои самимонаи роҳбарони ду кишвар заминаи боэътимодро барои таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои стратегӣ фароҳам меоранд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди робитаҳои байнипарлумонӣ равона гардид, ки онҳо воситаи муҳими таҳкими муколамаи сиёсӣ ва татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ мебошанд.

Қайд гардид, ки таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук, озуқаворӣ, фармасевтӣ, кимиё ва маъданкобӣ барои густариши потенсиали иқтисодии ду кишвар аҳамияти вижа дорад.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои маориф, илм, фарҳанг, технологияҳои нав ва робитаҳои башардӯстона изҳор доштанд.
Ин иқдомҳо ба таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистону Беларус ва таҳкими риштаҳои фарҳангиву маънавӣ мусоидат мекунанд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти ҳамоҳангсозии амал дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин таъмини сулҳу амният ва суботи устувор-ро таъкид карданд.

Зикр шуд, ки сатҳи баланди боварии сиёсӣ ва рушди мунтазами ҳамкориҳои байнипарлумонӣ пояи боэътимоди тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона миёни Душанбе ва Минск ба ҳисоб меравад.

Акс: Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: