Душанбе, 24 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Таҳти ин унвон бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент имрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев бо иштироки олимону муҳаққиқон аз пойтахти мамлакат, Ҷумҳурии исломии Эрон, омӯзгорону донишҷӯён ва аҳли илму адаби шаҳр конфронси байналмилалии илмӣ баргузор шуд.

Дар оғози конфронс меҳмонон ва иширокчиёни ин ҳамоиши илмиро муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода, муовини аввали Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён бо Рӯзи Рӯдакӣ шодбош гуфтанд.

Дар ҷараёни конфронс муҳаққиқиқони номвар ва варзидаи адабиёти форсӣ ва эҷодиёти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон, узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, раиси Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад Абӯризо Ҷавони Ҷаъфарӣ, адабиётшинос ва шоир Сафар Абдулло- устоди Донишгоҳи байналмилалии Абӯлайхони Ҷумҳурии Қазоқистон, адабиётшинос, узви Фарҳангистони забон ва адабёти форсӣ Абдунабӣ Сатторзода, ректори донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ ва дигар олимон дар бораи паҳлуҳои гуногуни осори устод Рӯдакӣ, нашри осори шоир ва пажӯҳишҳо дар бораи он дар Тоҷикистон ва Эрон, муштаракоти забонию фарҳангии ду давлати дӯст, зарурати густариши ҳамкорию робитаҳои илмӣ дар заминаи пажӯҳиши аҳвол ва осори Рӯдакӣ чун саромади адабиёти форсӣ- тоҷикӣ, ибрози назар намуданд.

Меҳмонони ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ аз осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ – кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ боздид намуда, оромгоҳи шоирро дар зодгоҳаш зиёрат карданд ва ба арҷгузорию эҳтиром ба осор ва рӯҳи Одамушшуаро дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд
АКС: Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон / Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
