Душанбе, 24 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Зиёда аз 200 зани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни ҳол дар муассисаҳои ислоҳии Федератсияи Россия адои ҷазо менамоянд, баъд аз интиқол ба Ватан метавонанд аз муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» истифода баранд, агар ба талаботи пешбининамудаи қонун ҷавобгӯ бошанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон масъалаи интиқоли маҳкумшудагон дар марҳилаи мувофиқаҳои байнидавлатӣ қарор дорад. Музокирот ва ҳамоҳангсозии расмиёти интиқолро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад.
Вазорати адлия танҳо баъд аз ворид шудани маҳкумшудагон ба ҷумҳурӣ ба ин раванд ҳамроҳ гардида, иҷрои минбаъдаи ҳукмҳои судиро дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон таъмин хоҳад кард.
Тавре вазир таъкид намуд, масъалаи татбиқи авф нисбат ба ҳар як маҳкумшуда алоҳида баррасӣ мешавад. Шарти асосӣ он аст, ки ҷиноят то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни «Дар бораи авф» содир шуда бошад ва худи маҳкумшудаву моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятӣ ба доираи меъёрҳои қонун мутобиқат намояд.
Дар ҳолатҳое, ки шахс барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин маҳкум гардидааст ва ин категория ба амали қонуни авф дохил намешавад, ӯ муҳлати ҷазои худро пурра дар муассисаи ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод.
Қаблан Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода хабар дода буд, ки татбиқи барномаи интиқоли тақрибан 200 шаҳрванди зан муваққатан ба таъхир гузошта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби таъхир тағйироти ташкилии ниҳоди ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия ва зарурати мутобиқсозии раванд бо қонуни нави авфи Тоҷикистон мебошад.
Бо вуҷуди ба таъхир афтодани муҳлат, корҳои омодагӣ идома доранд. Барои қабули занони интиқолшаванда дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Раванди интиқоли маҳкумшудагон пас аз он суръат гирифт, ки дар аввали соли ҷорӣ собиқ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Татяна Москалкова аз хоҳиши як қатор шаҳрвандони Тоҷикистон барои идомаи адои ҷазо дар Ватан хабар дода буд. Баъди муроҷиати ҷониби Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2026 барои интиқоли тақрибан 200 зани маҳкумшуда розигӣ доданд.
Интиқоли шаҳрвандони маҳкумшуда барои идомаи адои ҷазо дар кишвари шаҳрвандияшон яке аз механизмҳои пазируфташудаи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ва башардӯстона ба ҳисоб меравад. Ин таҷриба ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, нигоҳ доштани робитаи маҳкумшудагон бо оила ва мусоидат ба бозҳамгироии иҷтимоии онҳо баъд аз озодӣ равона шудааст.
Барои Тоҷикистон татбиқи ин иқдом на танҳо аҳамияти ҳуқуқӣ, балки аҳамияти иҷтимоӣ низ дорад. Дар айни замон мақомоти давлатӣ таъкид мекунанд, ки худи интиқол маънои озодшавии худкорро надорад. Татбиқи авф танҳо баъди омӯзиши ҳуқуқии ҳар як парвандаи алоҳида ва мутобиқат ба талаботи қонун сурат хоҳад гирифт. Чунин равиш имкон медиҳад, ки принсипҳои инсондӯстӣ бо талаботи қонуният ва баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун мутобиқ гарданд.
Акс: https://myseldon.com/
