«AI ALLEY» — майдони нав барои шиносоӣ бо зеҳни сунъӣ, навоварӣ ва технологияҳои рақамӣ дар Душанбе - ИА Караван Инфо
«AI ALLEY» — майдони нав барои шиносоӣ бо зеҳни сунъӣ, навоварӣ ва технологияҳои рақамӣ дар Душанбе

Душанбе, 07 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  5 сентябри соли 2026 дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе фестивали кушоди зеҳни сунъӣ, навоварӣ ва технологияҳои рақамӣ таҳти унвони «AI ALLEY» («Гулгашти зеҳни сунъӣ») баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он муаррифии имкониятҳои амалии зеҳни сунъӣ, рушди фарҳанги рақамӣ ва таҳкими ҳамкорӣ миёни давлат, бахши хусусӣ ва экосистемаи стартапӣ мебошад.

Дар фестивал роҳбарияти Агентӣ, намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд. Иштирокдорони чорабинӣ мавқеъ ва андешаҳои худро оид ба аҳамияти қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани 31 август Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод баён карданд.

Дар чаҳор майдони асосии фестивал — саҳнаи марказӣ, минтақаҳои намоишӣ, таълимӣ ва фароғатӣ — ширкатҳои технологӣ, стартапҳо, муассисаҳои таълимӣ, барномасозон ва ҷавонон маҳсулот, хизматрасониҳо ва имкониятҳои инноватсионии худро муаррифӣ намуданд. 

Ҳамчунин дар доираи барнома иштирокдорон лоиҳаҳои рақамиро пешниҳод намуда, мастер-классҳо, машғулиятҳои амалӣ ва барномаҳои интерактивӣ баргузор карданд.

«AI ALLEY» ҳамчун майдони муошират, омӯзиш ва муаррифии технологияҳои нав ба баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳӣ дар бораи зеҳни сунъӣ, дастгирии ҷавонон ва стартапҳо, инчунин ба рушди минбаъдаи экосистемаи инноватсионии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон