Ҳайати олимпии шаҳри Душанбе дар лагери байналмилалии илмӣ-таълимии ШОС дар Қирғизистон иштирок мекунад - ИА Караван Инфо
Ҳайати олимпии шаҳри Душанбе дар лагери байналмилалии илмӣ-таълимии ШОС дар Қирғизистон иштирок мекунад

Душанбе, 09 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди истеъдодҳо, табодули таҷрибаи илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди рушди зеҳнии ҷавонон, ҳайати олимпии шаҳри Душанбе дар Лагери байналмилалии илмӣ-таълимии Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС), ки аз 5 то 20 июли соли 2026 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, иштирок дорад.

Ҳайати Душанбе аз хонандагони болаёқат ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иборат буда, онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори намояндагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муаррифӣ менамоянд.

Рӯзи аввали барнома ҳайати Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии «Манас» бо эҳтироми хоса истиқбол гирифта шуда, сипас иштирокчиён ба Литсейи президентии «Ақылман» дар шаҳри Чолпон-Ата интиқол дода шуданд. Дар идомаи рӯз ҷойгиршавии ҳайатҳо, омодагӣ ба намоишгоҳи кишварҳо ва барномаи шиносоии байни иштирокчиён баргузор гардид. Ин марҳила барои таҳкими дӯстӣ, муколама ва ҳамкории ҷавонони кишварҳои иштирокдор заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар рӯзи дуюм маросими бошукӯҳи ифтитоҳи лагер дар маркази фарҳангии «Рух Ордо» баргузор шуд. Барномаи расмӣ аз роҳпаймоии Парчамҳои кишварҳои иштирокчӣ, суханрониҳои расмӣ, муаррифии самтҳои илмӣ ва шоми фарҳангии дӯстӣ иборат буд. Ҳайати шаҳри Душанбе дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ муаррифӣ намуд.

Иштироки хонандагони пойтахт дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар ва дастгириҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат ба шумор меравад.

Бо ташаббус ва таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Душанбе барои иштироки ҷавонони соҳибистеъдод дар олимпиадаҳо, форумҳо, лагерҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ пайваста шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Чунин таҷрибаҳо на танҳо донишу малакаи наврасону ҷавононро густариш медиҳанд, балки онҳоро ба рӯҳияи ҳамкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ омода месозанд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе