Душанбе, 12 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди самараноки тарҳи муҳими минтақавии «CASA-1000» аҳамияти махсус медиҳад. Дар ин бора 11 март Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни муколамаи сатҳи баланд оид ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ «CASA-1000», ки дар шаҳри Людвикаи Шветсия баргузор гардид, иброз намуд.

Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар муколамаи сатҳи баланд намояндагони кишварҳои аъзои лоиҳаи «CASA-1000», роҳбарият ва мутахассисони ширкатҳои пудратӣ, ки корҳои сохтмони истгоҳҳои конверториро дар Тоҷикистон — Сангтӯда, ва дар Покистон — Навшера анҷом додаанд, иштирок намуданд. Дар миёни ширкаткунандагон намояндагони HITACHI Energy (Шветсия) ва Cobra Instalaciones y Servicios S.A. (Испания) низ буданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронӣ қайд намуд, ки лоиҳаи «CASA-1000» яке аз ташаббусҳои калидии ҳамгироии энергетикии минтақа маҳсуб меёбад. Татбиқи ин лоиҳа ба рушди савдои барқ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат мекунад.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои актуалии рӯзномаи лоиҳа, ҳамчунин қадамҳои минбаъда барои татбиқи самараноки он ва ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ миёни ҳамаи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
