Душанбе, 11 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 10 июл дар бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ, илмию ташкиливу инноватсионии Академия дар нимсолаи аввали соли 2026 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори маҷлис президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуҷамурод Сафарализода, академикон, олимони варзида, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва намояндагони сохторҳои гуногуни Академия иштирок намуданд.
Пас аз суханронии намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 шунида шуд.
Ҳисобот дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 баён гардидаанд, инчунин Нақшаи кории Академия барои соли 2026 таҳия шудааст.
Дар маърӯза натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таври муфассал пешниҳод гардиданд. Таъкид шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 олимони Академия таҳқиқотро аз рӯйи 99 мавзуи илмӣ идома доданд, ки аз онҳо 65 мавзуъ ба таҳқиқоти бунёдӣ, 9 мавзуъ ба таҳқиқоти амалӣ ва 25 мавзуъ ба таҳқиқоти бунёдию амалӣ марбут мебошанд. Ҳамзамон, 50 мавзуи нави илмӣ маҳз дар соли 2026 оғоз гардида, ба самтҳои муҳимми рушди илми ватанӣ бахшида шудаанд.

Дар самти фаъолияти илмии нашриявӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 1320 кори илмӣ ба нашр расонида шуд, ки аз ҷумла 43 монография, 68 китоб, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас ва каталог, инчунин зиёда аз 1200 мақолаи илмиро дар бар мегирад.
Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ беш аз 800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ нашр гардидаанд, аз ҷумла зиёда аз 470 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд.
Зиёда аз 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дур нашр шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 80 мақола дар пойгоҳи байналмилалии Scopus ва зиёда аз 170 мақола дар РИНС ҷойгир шудаанд.
Дар самти ҳифзи моликияти зеҳнӣ низ дастовардҳои муҳим ба қайд гирифта шуданд. Дар шаш моҳи соли 2026 олимони Академия соҳиби 11 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 2 қарори мусбат оид ба додани нахустпатент, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 2 шаҳодатнома оид ба бақайдгирии ҳуқуқи муаллифӣ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ гардиданд. Ҳамчунин олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии Академия ду пешниҳоди ратсионализаториро таҳия ва татбиқ намуданд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти баргузории чорабиниҳои илмӣ низ фаъолияти густурда нишон дод. Дар нимсолаи аввал зиёда аз 150 чорабинии илмӣ, аз ҷумла як симпозиуми байналмилалӣ, як форуми байналмилалӣ, 30 конференсияи байналмилалӣ, 84 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, зиёда аз 60 семинари байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 5 мизи мудаввар ва 2 курси омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар доираи маҳфили илмии «Хирад», ки назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад, зиёда аз даҳ вохӯрии илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуданд. Дар онҳо ҳаёт ва фаъолияти олимон, шоирону нависандагон ва намояндагони аҳли фарҳанг муаррифӣ гардида, ҳамзамон рӯнамоии китобҳои нави илмӣ ва фарҳангӣ анҷом дода шуд.
Ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони илмии муассисаҳои Академия дар беш аз 500 форум, конференсия, семинар ва мизи мудаввари илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, дастовардҳои илми тоҷикро муаррифӣ карданд.
Дар ҳисобот ҳамчунин иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба таҳияи Консепсияи Маркази байналмилалии Наврӯз ва Консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ зикр гардид. Ҳар ду санад аз ҷониби гурӯҳи кории олимони Академия таҳия шуда, баъдан аз ҷониби Роҳбари давлат пазируфта шуданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими давраи ҳисоботӣ таҳкими заминаи институтсионалии илмӣ гардид. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №80, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил дода шуд.
Дар самти рушди заминаи моддию техникии Академия низ корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Дар шаҳри Душанбе бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта, бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин Институти давлат ва ҳуқуқ баъди таъмири асосӣ бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мусоидати роҳбарияти Академия як маркази илмӣ, панҷ озмоишгоҳи муосир ва ду ганҷинаи дастхатҳо таъсис дода шуда, ба фаъолият оғоз намуданд, ки имкониятҳои таҳқиқотии муассисаҳои илмиро васеъ карданд.
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори аввал Маркази мониторинги сейсмикӣ таъсис дода шуд. Марказ ҳамчун ҷузъи муҳими низоми муосири арзёбӣ ва назорати хавфи заминҷунбӣ фаъолият намуда, барои сабт, таҳлил ва коркарди маълумоти сейсмикӣ хизмат мерасонад.
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ду озмоишгоҳи махсус таъсис дода шуданд, ки ба таҳқиқи равандҳои техногенӣ, назорати радиатсионӣ, амнияти ядроӣ ва муайян намудани молҳои таъиноташон дутарафа машғул мешаванд.
Пас аз таъмири асосӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ганҷинаи фолклор ва Ганҷинаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот мавриди истифода қарор гирифтанд, ки барои рушди илми гуманитарӣ аҳамияти муҳим доранд.

Дар Институти ботаника, физиология ва генетика озмоишгоҳи таҳқиқи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика таъсис ёфт. Дар Институти физика ва техникаи ба номи С. У. Умаров озмоишгоҳи муштараки татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ташкил гардид. Ҳамчунин дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи энергетика, захира ва сарфаи энергия ба фаъолият оғоз намуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима иштирокчиёни маҷлиси умумӣ, аз ҷумла намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикон ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар ҷамъбасти маҷлис таъкид гардид, ки ҷомеаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шашмоҳаи аввалро бо дастовардҳои назаррас дар самти таҳқиқот, навоварӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷамъбаст намуд. Дар назди олимон вазифаҳои нав — омода намудани кадрҳои илмӣ, таҳкими инфрасохтори таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар гузошта шудаанд.
Акс: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
