Душанбе, 24 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тарғиби намудҳои миллии варзиш, рушди сайёҳии варзишӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни варзишгарони кишварҳои ҳамсоя аз ҷузъҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ 22 ноябри соли 2026 дар ҷамоати Ориёни шаҳри Ҳисор мусобиқаи пуршукӯҳи гӯштини миллӣ — «Гӯштингирӣ» бо иштироки паҳлавонони шинохтаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ҳузури беш аз 8 ҳазор мухлису ҳаводори гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд гузашт.
Ташкилкунандагони мусобиқа барои ғолибони майдон панҷ Шоҳҷоиза — мошин, маблағҳои калони пулӣ, инчунин чорвои калону майда, аз ҷумла бузу гӯсфанд, гов, асп ва уштур пешбинӣ намуда буданд.
Дар қувваозмоиҳои ҳалкунанда мухлисон шоҳиди гӯштини шадид ва усулҳои диданӣ гардиданд:
- Алишер Назаров (ш. Ҳисор) пас аз пирӯзӣ бар чаҳор ҳариф барои Шоҳҷоиза бо намояндаи Ӯзбекистон Азамат (ки қаблан ду рақибашро шикаст дода буд) рақобат кард. Паҳлавони ҳисорӣ бо як партофти зебо пирӯз шуда, соҳиби Шоҳҷоиза — автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенз гардид.
- Умар Расулов (ш. Ҳисор) барои Шоҳҷоиза бо паҳлавони маъруфи тоҷик аз ноҳияи Фархор Кароматулло Ҳакимов майдондорӣ кард. Расулов маҳорати баланду усули зебо нишон дода, ба ғолибият даст ёфт ва сазовори Шоҳҷоиза — автомашинаи тамғаи Нексия шуд.
- Мирзоҷамил Рамазонов (ш. Душанбе) ва Ҳайдари Саидкабирзода (н. Ховалинг) давоми як соат гӯштин гирифтанд ва сабқати онҳо мусовӣ анҷом ёфт.
- Парвиз Абдураҳмонов (Тоҷикистон) ва Сардор (Ӯзбекистон) низ давоми ним соат байни ҳам рақобат карданд; қувваозмоӣ мусовӣ поён ёфт ва созмондиҳандагон Шоҳҷоиза — мошинро ба ҳарду варзишгар тақдим намуданд.
Дар мусобиқаи ҷамоати Ориён паҳлавонони шинохтаи ватанӣ, аз ҷумла Ғазалшои Давлатшо, Суҳроб Муҳаммадев, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Муҳаммадисо Раҷабов, Абдулло Лоиқов, Сафиалло, Холмуҳаммад ва дигар варзишгарон ҳунарнамоӣ карданд.
Дар ин рӯз маҳорати Ғазалшои Давлатшо (н. Ёвон), Умар Расулов, Мирзоҷамил Рамазонов, Алишер Назаров ва се паҳлавони ҷавон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон назаррас арзёбӣ гардид. Онҳо бар се-чор ҳариф пирӯз шуда, соҳиби ҷоизаҳои арзишманд, аз қабили бузу гӯсфанд, гов, асп ва уштур гардиданд.
Мусобиқаҳои «Гӯштингирӣ» анъанавӣ шумораи зиёди тамошобинонро ҷалб карда, яке аз намудҳои маҳбуб ва пурҳаяҷони варзиш дар кишвар боқӣ мемонанд. Ширкати паҳлавонон аз Ӯзбекистон ба ин ҳамоишҳо хусусияти табодули зиндаи варзишӣ мебахшад, ва баргузории онҳо ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ дар моҳи ноябр нақши рамзию тарбиявиро дар таҳкими тарзи ҳаёти солим ва идомаи суннатҳои варзишӣ таъкид мекунад.
Акс: Радио Ховар
