Душанбе, 18 февраля 2026г. — ИА Караван Инфо. 16 феврали соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ҷаласаи корӣ дар доираи ташаббуси “Як деҳа — як маҳсулот” баргузор гардид.

Дар он ҳайати Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок намуданд. Ҷаласа ба муҳокимаи марҳилаҳои амалишавии лоиҳа, натиҷаҳои ба дастомада ва дурнамоҳои рушди минбаъда бахшида шуда, имкониятҳои тақвият бахшидани соҳибкорӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар баррасӣ гардид.
Лоиҳаи “Як деҳа — як маҳсулот” бо ҳадафи таҳкими соҳибкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши сатҳи зиндагии аҳолӣ, бахусус дар деҳоти дурдаст, роҳандозӣ гардидааст. Он на танҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад, балки иқтидори маҳаллӣ ва истеъдоди соҳибкорони хурдро ҷалб намуда, имкониятҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти маҳаллӣ ба бозорҳои дохилӣ ва берунӣ, аз ҷумла ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, васеъ менамояд.
Аз оғози ташаббус то имрӯз як қатор дастовардҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла: таҳияи харитаи роҳ бо муайян намудани 100 номгӯйи маҳсулоти афзалиятнок; таъсиси маркази истеҳсолӣ дар шаҳри Бохтар; баргузории мунтазами чорабиниҳои миллии пешбурди маҳсулоти маҳаллӣ; ҳамкорӣ бо зиёда аз 20 корхонаҳои соҳибкории хурд дар 11 шаҳри кишвар, ки беш аз 100 нафарро бо шуғл фаро гирифтаанд; ва истеҳсоли беш аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла таҳия ва ба роҳ мондани 22 номгӯйи нави маҳсулот бо дастгирии коршиносони байналмилалӣ.
Ҷаласа ҳамчунин ба таҳлили мушкилоти мавҷуда дар бахшҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ, ба монанди дастрасӣ ба сармоя, мутахассисони соҳавӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маркетинг, равона шуд. Ҷонибҳо зарурати тақвият бахшидани таълими соҳибкорӣ, омӯзиши бозор ва ҷорӣ намудани стандартҳои сифатро таъкид карданд, ки ин ба устувории иқтисоди маҳаллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти деҳот мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, иштирокдорон ба баррасии дурнамоҳои рушди лоиҳа ва ҷорӣ намудани механизмҳои дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ, дастгирии техникӣ ва шабакаҳои ҳамкории байналмилалӣ, диққат доданд. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки лоиҳа ба як платформаи ҳамгиро ва самаранок барои рушди деҳот ва афзоиши даромади аҳолӣ табдил ёбад.
Ҷаласа баёнгари аҳамияти стратегӣ ва пуриқтидори лоиҳаи “Як деҳа — як маҳсулот” дар ташаккули иқтисоди устувор, таҳкими соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар саросари кишвар буд.
Фото: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ
