Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) доир шуд – ИА Караван Инфо
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) доир шуд

Душанбе, 28 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот».  25 феврали соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, инчунин бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо, ниҳодҳои кишварии СММ Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ ҷиҳати баррасии афзалиятҳои Барномаи ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2027-2030 баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои афзалиятҳои Чаҳорчӯби ҳамкориҳои Ҳукумати кишвар ва СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2027-2030 ва лоиҳаи барномаҳои ниҳодҳои кишварии СММ, аз ҷумла Барномаи рушди СММ, Хазинаи СММ оид ба кудакон, Хазинаи нуфузи СММ ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои кишварии СММ ва дигар шарикони рушд устувории макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи босамар барои татбиқи босифати Барномаи нави ҳамкорӣ ва барномаҳои кишварии ниҳодҳои СММ омодагӣ изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: