Душанбе, 15 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 14 июли соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти умумии №14-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсату раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ва президентӣ иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар шаш моҳи аввали соли 2026 маърӯза намуда, аз дастовардҳои соҳа, татбиқи сиёсати давлатии маориф ва илм, иҷрои барномаҳои давлатӣ, инчунин тадбирҳои амалигардида барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои пайгирона амалӣ мешаванд.

Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввал таҳлил гардида, масъалаҳои татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, рушди инфрасохтор ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар музокираҳо ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Х. Назарзода, сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Н. Зиёратшоҳ ва директори Маркази таълимии занон «Сарвар» Н. Содиқӣ суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои мубрами соҳа ва роҳҳои такмили фаъолияти минбаъда пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими масъулияти роҳбарону кормандони соҳа ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда то охири соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар анҷоми ҷаласа қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти пешниҳодҳои иштирокчиён қабул гардида, вазифаҳои асосии соҳа барои давраи боқимондаи соли 2026 муайян карда шуданд.
Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи маориф вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.
Зикр гардид, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
