Ҳамкории аграрӣ бо Чин: Тоҷикистон имкониятҳои содиротии худро дар намоишгоҳи «Янлин» муаррифӣ намуда, технологияҳои навини моҳипарвариро омӯхт - ИА Караван Инфо
Ҳамкории аграрӣ бо Чин: Тоҷикистон имкониятҳои содиротии худро дар намоишгоҳи «Янлин» муаррифӣ намуда, технологияҳои навини моҳипарвариро омӯхт

Душанбе, 18 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дода, имкониятҳои нави пешбурди маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири аграриро васеъ мекунад.

Иштироки ҳайати вилояти Суғд дар Намоишгоҳи байналмилалии иқтисодии «Янлин» ба марҳилаи муҳими рушди иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-технологӣ дар бахши агросаноатӣ табдил ёфт.

Тавре хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ҳайати расмии вилоят таҳти роҳбарии Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз намоишгоҳ боздид намуд. Дар ин чорабинии байналмилалӣ гӯшаи махсуси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Минтақаи иқтисодии «Янлин», ки аз соли 1994 фаъолият мекунад, бузургтарин парки миллии намоишии технологияҳои пешрафтаи кишоварзии Чин ва яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ-инноватсионии соҳаи аграрӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, он ҳамчун пойгоҳи асосии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) барои мубодилаи технологияҳои муосири кишоварзӣ ва таҷрибаи пешқадами истеҳсолӣ фаъолият менамояд.

Ҳангоми шиносоӣ бо намоишгоҳ Раҷаб Аҳмадзода ба дастовардҳои олимони чинӣ дар самти рушди моҳипарварии муосир ва парвариши навъҳои сермаҳсули моҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки рушди соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии аграрӣ ба шумор рафта, татбиқи технологияҳои пешрафтаи чинӣ метавонад самаранокии соҳаро ба таври назаррас баланд бардошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти моҳиро дар кишвар афзоиш диҳад.

Илова бар ин, ҳайати Тоҷикистон бо технологияҳои муосири селексия, рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии комплекси агросаноатӣ низ аз наздик шинос гардид.

Ба арзёбии таҳлилгарон, иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Янлин» аз доираи муаррифии анъанавии маҳсулоти миллӣ фаротар рафта, дастрасии мустақим ба яке аз марказҳои пешсафи ҷаҳонии инноватсияҳои аграриро таъмин менамояд. Маҳз дар ҳамин марказ технологияҳои навтарини соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва рақамикунонии кишоварзӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин имкониятҳои нави содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон — аз ҷумла меваҳои хушк, меваю сабзавоти тару тоза, асал ва дигар маҳсулоти агросаноатиро ба яке аз бузургтарин бозорҳои истеъмолии ҷаҳон фароҳам меорад.

Ҳамзамон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири моҳипарварӣ, бахусус дар ҳавзаҳои обанбори Қайроққум ва дарёи Сир, метавонад истеҳсоли маҳсулоти босифати моҳиро чандин баробар афзоиш дода, амнияти озуқавории кишварро таҳким бахшад ва барои рушди минтақаҳои деҳот имкониятҳои нави иқтисодӣ фароҳам созад.

Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳои густурда бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар баробари татбиқи лоиҳаҳои бузурги саноативу сармоягузорӣ аз татбиқи пайгиронаи сиёсати Тоҷикистон дар самти навсозии технологии иқтисоди миллӣ, диверсификатсияи содирот ва ташаккули комплекси рақобатпазири агросаноатии ба бозорҳои байналмилалӣ нигаронидашуда шаҳодат медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.