Душанбе, 06 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат марҳилаи нави рушдро касб мекунад. Дар шаҳри Минск 05 март мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Руслан Чернетский баргузор гардид, ки дар ҷараёни он самтҳои асосии ҳамкории фарҳангиву гуманитарии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо рушди босуръати ҳамкории дуҷонибаро дар бахши фарҳанг таъкид намуда, изҳор доштанд, ки густариши чунин ҳамкорӣ натиҷаи сиёсати ҳадафмандонаи роҳбарияти ҳар ду давлат мебошад, ки ба таҳкими робитаҳои гуманитарӣ, тавсеаи мубодилаи фарҳангӣ ва рушди робитаҳо миёни аҳли фарҳангу ҳунари кишварҳо равона шудааст.
Яке аз мавзӯъҳои калидии мулоқот масъалаи омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус буд, ки баргузории он дар охири моҳи апрели соли равон дар назар дошта шудааст. Ин чорабинӣ ҳамчун майдони муҳим барои муаррифии мероси ғании фарҳангӣ ва дастовардҳои муосири санъати тоҷик ба ҷомеаи Беларус арзёбӣ мегардад.
Барномаи Рӯзҳои фарҳанг баргузории як қатор чорабиниҳои муҳиму ҷолибро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар назар аст:
- баргузор намудани консерти идона бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик ва дастаҳои эҷодӣ;
- намоиши асарҳои рассомӣ ва санъати тасвирӣ;
- намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки анъанаҳои қадимаи фарҳанги миллиро инъикос мекунанд;
- намоиши филмҳои миллӣ, аз ҷумла филмҳои ҳунарӣ ва мустанад;
- баргузор намудани чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки намояндагони доираҳои илмӣ ва фарҳангии ду кишвар.
Ба андешаи ҷонибҳо, чунин ташаббусҳо на танҳо барои муаррифии фарҳанги миллӣ, балки барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумон, густариши робитаҳои касбии намояндагони соҳаи санъат ва эҷоди лоиҳаҳои нави фарҳангӣ низ мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни осорхонаҳо, театрҳо, муассисаҳои кино ва муассисаҳои таълимии фарҳангии ду кишвар таъкид гардид. Зикр шуд, ки дипломатияи фарҳангӣ яке аз абзорҳои муҳими таҳкими дӯстӣ ва эътимод миёни давлатҳо маҳсуб меёбад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ тасдиқ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ҳамаи тавофуқҳои ҳосилшуда, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки фарҳангӣ, бо муваффақият амалӣ хоҳанд шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
