Душанбе, 01 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Брест дар доираи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкории ду кишвар баргузор гардид. Ба кори ҷаласа раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ва роҳбари шуъбаи Брести Палатаи савдо ва саноати Беларус Валерий Лабун роҳбарӣ намуданд.

Яке аз натиҷаҳои муҳими мулоқот омодагии корхонаҳои вилояти Брест барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон дар самти коркарди амиқи маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, таъсиси маҷмааҳои агросаноатӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ гардид.
Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо як қатор тавофуқҳои муҳими сармоягузорӣ ва истеҳсолиро ба даст оварданд.
Аз ҷумла, байни ҳашт корхонаи Тоҷикистон ва ширкатҳои Беларус созишномаҳои молиявӣ ба имзо расиданд, ки ба таҳкими ҳамкории бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузории нав ба иқтисодиёти кишвар равона шудаанд.
Ҳамзамон, ҷониби Беларус имкониятҳои саноатии худро дар бахшҳои мошинсозии вазнин, истеҳсоли таҷҳизоти технологӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва технологияҳои муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ намуд.
Марҳилаи нави ҳамкориҳо инчунин бо сафари ҳайати калони соҳибкорони Беларус таҳти роҳбарии Палатаи савдо ва саноати шаҳри Минск, ки барои нимаи дуюми моҳи августи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, тақвият хоҳад ёфт. Дар доираи ин сафар боздид аз корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон, мулоқотҳои соҳибкорӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии кишвар пешбинӣ гардидааст.

Тавсеаи ҳамкории саноатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус аз ворид шудани муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ба марҳилаи сифатан нав шаҳодат медиҳад. Агар то имрӯз ҳамкорӣ асосан ба тиҷорат равона шуда бошад, акнун афзалият ба ташкили истеҳсолоти муштарак ва маҳаллисозии технологияҳои муосир дода мешавад. Ин раванд барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахши агросаноатии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам меорад.
Таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ ба ҳадафҳои стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва густариши иқтидори содиротии кишвар мувофиқ мебошад. Ҳамзамон, чунин ҳамкорӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боло бурдани сатҳи тахассуси мутахассисони ватанӣ ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Акс: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
