"Астана Опера" дар фестивали "Сириус – Роза Хутор" дар Русия баромад кард - ИА Караван Инфо
"Астана Опера" дар фестивали "Сириус – Роза Хутор" дар Русия баромад кард

Сириус, 13 июли соли 2026 АИ «Караван Инфо». Театри давлатии опера ва балети “Астана Опера” барномаи гастролии худро дар фестивали Байналмилалии санъат барои кӯдакон ва ҷавонон “Сириус – Роза Хутор” дар Қаламрави федералии “Сириус” дар Русия кушод. Пеш аз суханронӣ табрикоти президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев хонда шуд.

Токаев фестивалро як лоиҳаи муҳими гуманитарӣ номид, ки муколамаи фарҳангҳоро байни Русия ва кишварҳои дӯстона рушд медиҳад. Вай изҳори боварӣ намуд, ки фестивал марҳилаи муҳими ҳамкории фарҳангӣ ба манфиати халқҳо хоҳад буд.

Театри қазоқистон дар саҳнаи асосии маркази консертии “Сириус” балети Лео Делиб “Коппелия” – ро дар хореографияи Ролан Пети муаррифӣ намуд. Руслан Баймурзин дирижёрӣ мекард. Қисмҳои асосиро солистон Айгерим Бекетаева, Арман Уразов ва Олжас Тарланов иҷро намуданд.

Барномаи “Остона Опера” то 16 июл идома меёбад. Тамошобинон намоишҳои балети классикӣ ва муосир, инчунин барномаи миллиро бо иштироки ҳунармандони театр ва ансамбли этно-фолклории ХасСак (HasSak) мебинанд. Ташкилкунандагон қайд намуданд, ки фестивал устодони барҷаста ва коллективҳои пешрафтаи эҷодиро муттаҳид намуд.

Аксҳо: Вазорати Фарҳанг ва иттилооти ҶҚ