Ҷавонони деҳаи Сайф Раҳимзода Афардӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар Кӯлоб кумак расониданд – ИА Караван Инфо
Ҷавонони деҳаи Сайф Раҳимзода Афардӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар Кӯлоб кумак расониданд

Душанбе, 07 май, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар пайи паёмадҳои офати табиӣ, ки ба як қатор сокинони шаҳри Кӯлоб хисороти ҷиддӣ ворид намуд, корҳои бартарафсозии зарар ва дастгирии оилаҳои осебдида бо иштироки фаъоли қишрҳои гуногуни ҷомеа идома доранд.

Дар ин замина, гурӯҳи ҷавонони фаъол аз деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ-и ноҳияи Фархор, иборат аз 40 нафар, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, дар давоми ду рӯз дар корҳои барқарорсозӣ ва расонидани кӯмакҳои амалӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Ҷавонон дар тоза намудани паёмадҳои офати табиӣ фаъолона иштирок намуда, тақрибан 20 хонаи истиқоматии оилаҳои зарардидаро аз лою партовҳо пурра тоза карда, муҳити атрофро ободу озода намуданд. Меҳнати содиқона ва дастгирии беғаразонаи онҳо аз ҳамбастагӣ ва рӯҳияи баланди ҷавонони кишвар дарак медиҳад.

Ҳамзамон, ин ҷавонони ташаббускор барои шахсони дар корҳои барқарорсозӣ машғул ва сокинони маҳалла хӯроки нисфирӯзӣ омода намуданд. Онҳо аз 40 килограмм биринҷ ош пухта, онро ба иштирокчиёни корҳои тозакунӣ ва оилаҳои ниёзманд дастрас карданд.

Ин иқдоми ҷавонмардонаи ҷавонони ноҳияи Фархор намунаи равшани ҳисси масъулият, меҳру муҳаббат ба ҳамватанон ва омодагӣ ба кумак дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ арзёбӣ мегардад. Сокинони осебдида низ аз чунин дастгирӣ изҳори сипос намуда, онро нишонаи воқеии ҳамдиливу ҳамраъйӣ номиданд.

error: