Душанбе, 24 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати Тоҷикистон дар нахустин мулоқоти шиносоии намояндагони ҷавонони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 22 ноябр дар шаҳри Ҷинани музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.

Мулоқот дар доираи барномаи Лагери ҷавонони СҲШ доир шуда, ба рушди робитаҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории насли ҷавони кишварҳои узви Созмон равона шудааст.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳайати Тоҷикистон намояндагони соҳаҳои сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш, фарҳанг ва фаъолияти иттилоотӣ шомил буданд.
Дар рушди ҳамкории ҷавонон Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз муассисони Шӯрои ҷавонони СҲШ мебошад, нақши муҳим дорад. Иштироки намояндагони ин иттиҳод дар фаъолияти Шӯро ба таҳкими робитаҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва пешбурди ташаббусҳои муштараки ҷавонони кишварҳои узви Созмон мусоидат мекунад.
Нахустин мулоқоти шиносоӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки ҳайатҳои миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ баргузор гардида, ҳадафҳои асосии он тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон, табодули таҷрибаи амалӣ ва рушди муколамаи байнифарҳангӣ мебошанд.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳо на танҳо барои таҳкими робитаҳои гуманитарӣ аҳамият дорад, балки барои мутахассисони ҷавони кишвар имконият фароҳам меорад, ки ба равандҳои минтақавӣ ҷалб шуда, робитаҳои касбиро густариш диҳанд ва таҷрибаи миллиро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ташаббусҳои давлатӣ дар самти дастгирии таҳсилот, ташаккули касбӣ, фаъолнокии ҷамъиятӣ ва иштироки байналмилалии насли ҷавон барои густариши нақши ҷавонон дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар замина фароҳам меоранд. Сиёсати пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт низ барои фароҳам овардани имкониятҳои муносиб ҷиҳати муаррифии шоистаи кишвар дар минбарҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Барномаи Лагери ҷавонони СҲШ то 29 ноябр идома меёбад. Дар доираи он намояндагони Тоҷикистон дар форумҳои байналмилалӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ, вохӯриҳои корӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок хоҳанд кард. Ин майдонҳо барои таҳкими робитаҳои дӯстона, муаррифии дастовардҳои ҷавонони Тоҷикистон ва муайян намудани самтҳои нави фаъолияти муштарак дар доираи СҲШ имконияти иловагӣ фароҳам меоранд.
Акс: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
