Ҷавонони Тоҷикистон аз ташаббуси нави ҷаҳонии сулҳофарини кишвар бо роҳпаймоии идона дар Душанбе ҷонибдорӣ карданд - ИА Караван Инфо
Ҷавонони Тоҷикистон аз ташаббуси нави ҷаҳонии сулҳофарини кишвар бо роҳпаймоии идона дар Душанбе ҷонибдорӣ карданд

Душанбе, 29 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе 27-28 июн бахшида ба қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, роҳпаймоии бошукӯҳи идона баргузор шуд.

Ин чорабинӣ рамзи пуштибонии ҷавонони кишвар аз ташаббуси нави байналмилалии Тоҷикистон гардида, нақши ҷумҳуриро ҳамчун яке аз пешоҳангони сиёсати сулҳ дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким бахшид.

Роҳпаймоӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, аз кӯчаҳои марказии пойтахт оғоз ёфта, дар Боғи Куруши Кабир анҷом пазируфт.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, намояндагони соҳа, ҷавонони фаъол, варзишгарон, донишҷӯён ва сокинони сершумори пойтахт иштирок намуда, аз ташаббуси нави байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ равона шудааст, ҷонибдорӣ карданд.

Иштирокчиён бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат роҳпаймоӣ намуда, аз сиёсати сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ карданд. Ҳамзамон ҷавонон омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар таҳкими ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги ҳамзистии осоишта изҳор намуданд.

Роҳпаймоии идона дар фазои баланди ифтихори миллӣ баргузор гардида, бори дигар нишон дод, ки насли ҷавони кишвар аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон фаъолона ҷонибдорӣ мекунад. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки қабули ин қатънома аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид боз як эътирофи саҳми Тоҷикистон дар таҳкими муколамаи ҷаҳонӣ, амнияти байналмилалӣ ва фарҳанги сулҳ мебошад.

Қатъномаи нави пешниҳоднамудаи Тоҷикистон идомаи сиёсати пайгиронаи хориҷии кишвар дар самти таҳкими сулҳ, эътимод ва ҳамкориҳои байналмилалӣ буда, нақши афзояндаи ҷумҳуриро дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

Акс: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон