Душанбе, 23 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми табрикотӣ ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, на танҳо онҳоро бо иди ҷавонон шодбош гуфтанд, балки нақши насли ҷавонро ҳамчун неруи пешбарандаи давлат дар даврони истиқлолият муайян карданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Рӯзи ҷавонони имсола дар соли махсус — соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар паём зикр шуд, ки маҳз ҷавонон дар тӯли ин даҳсолаҳо ба яке аз такягоҳҳои асосии рушди ҷомеа табдил ёфта, дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ, рушди илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир саҳми фаъол гузоштаанд.
Президенти кишвар ёдовар шуданд, ки давлат аз солҳои аввали истиқлолият барои таҳсил, омӯзиши касбу ҳунар, варзиш ва соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ба гуфтаи Пешвои миллат, дар 35 соли истиқлолият тақрибан як миллион ҷавон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, боз 140 ҳазор нафар дар донишгоҳҳои хориҷӣ соҳиби ихтисос гардидаанд.
Ҳамзамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки марҳилаи кунунӣ аз ҷавонон азхудкунии амиқи донишҳои замонавӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, энергетикаи нав ва соҳибкории инноватсиониро талаб менамояд.
Дар паём ба масъалаҳои ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба ақидаҳои ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Президенти кишвар ҷавононро ба ҳифзи истиқлолият ва озодӣ, пос доштани забон, таърих, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, инчунин намунаи ахлоқи ҳамида ва камолоти шаҳрвандӣ будан даъват намуданд.
Мазмуни муҳими дигари паём дар он ифода ёфт, ки давлат ҷавононро на танҳо ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ, балки ҳамчун захираи стратегии ояндаи кишвар арзёбӣ мекунад. Ба таъкиди Сарвари давлат, маҳз ба насли ҷавон дар роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ такя карда мешавад.
Дар анҷоми паём муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки ҷавонони Тоҷикистон дар таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузошта, ҳамчун неруи боэътимоди илм, маърифат ва созандагӣ хизмат хоҳанд кард.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
