Остона, 18 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Вазири илм ва таҳсилоти олӣ Саясат Нурбек дар брифинг дар Хадамоти коммуникатсияи марказӣ натиҷаҳои асосии ислоҳот ва афзалиятҳои рушди минбаъдаи соҳаро пешниҳод намуд.

Дар давоми ҳафт сол ҳукумат 655,7 ҳазор гранти таълимӣ ҷудо кард. Стипендияи донишҷӯён ду баробар афзуд ва ба шарофати сохтмони хобгоҳҳо норасоии ҷойҳо қариб 16 маротиба коҳиш ёфт. Имрӯз дар Қазоқистон тақрибан 41 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд, 33 филиали донишгоҳҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд.
“Вазифаи мо на танҳо васеъ намудани имкониятҳои ҷавонон барои гирифтани маълумот, балки таъмини амнияти иҷтимоии онҳо мебошад” – таъкид намуд Саясат Нурбек
Ба тайёр намудани кадрҳо, зеҳни сунъӣ ва ҳамкории байналмилалӣ диққати махсус дода мешавад. Дар 31 донишгоҳ 44 барномаи таълимӣ оид ба ЗС амал мекунад ва дар доираи AI-Sana (Ай-Ай Сана) 706 ҳазор донишҷӯ таҳсил намудаанд.

Сармоягузорӣ ба илм низ меафзояд: хароҷоти дохилӣ барои таҳқиқот ва таҳия дар соли 2025 ба 261,5 миллиард тенге расид, ки нисбат ба соли 2019 3,2 маротиба афзудааст. Шумораи муҳаққиқон 28 374 нафарро ташкил дод.
Дар байни нақшаҳои минбаъда – таъсиси се шаҳри илмӣ дар Алмаато, Курчатов ва Остона то соли 2035, рушди инфрасохтори илмӣ ва ҷорӣ намудани коркардҳои ватанӣ ба иқтисодиёт.
Вазорат ният дорад, ки корҳоро оид ба таҳкими сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ташаккули системаи рақобатпазири илмӣ-технологии Қазоқистон идома диҳад.
Аксҳо: ВИ ва ТО ҶҚ
