Душанбе, 24 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон қадами муҳим дар роҳи ташаккули ҷомеаи фарогир гузошта шуд. Аъзои Маҷлиси миллӣ қонуни нави «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд, ки на танҳо низоми дастгирии иҷтимоиро васеъ мекунад, балки фалсафаи сиёсати давлатиро нисбат ба шахсони дорои маъюбӣ низ тағйир медиҳад.

Ҳуҷҷате, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таҳия шудааст, дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллӣ — палатаи болоии парлумон баррасӣ ва қабул гардид. Акнун қонун бояд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, расман интишор шавад.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва занон Муҳиддин Нуриддин зимни муаррифии лоиҳаи қонун таъкид намуд, ки ҳуҷҷат асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии таъмини ҳуқуқи шахсони дорои маъюбиро муайян мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, заминаи нави ҳуқуқӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои бештар ҷиҳати иштироки шахсони дорои маъюбӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дастрасӣ ба дастгирӣ ва таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ равона шудааст.
Қонун ваколатҳои Ҳукумат ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро муқаррар намуда, инчунин принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар ин самт муайян мекунад. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ, тавонбахшӣ ва ҳабилитатсия равона гардидааст, ки барои барқарор намудани қобилиятҳои аз дастрафта ё омӯзонидани малакаҳои зарурӣ барои зиндагии мустақилона мусоидат менамоянд.
Ҳуҷҷат инчунин муносибатҳои меҳнатӣ, кафолатҳои ҳуқуқӣ ва имтиёзҳоро танзим мекунад. Бахши алоҳида ба пешгирии маъюбӣ ва коҳиш додани омилҳои хавфи пайдоиши он бахшида шудааст.
Коршиносон бар он назаранд, ки аҳамияти асосии қонуни нав дар тағйири муносибати консептуалӣ ифода меёбад. Тавре қаблан муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Муҳиддин таъкид карда буд, қонуни амалкунанда «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ки аз соли 2010 мавриди амал қарор дошт, бештар ба модели тиббӣ ва иҷтимоии маъюбӣ асос ёфта, асосан ба пешниҳоди кумакпулиҳо, имтиёзҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона шуда буд.
Ҳуҷҷати нав доираи сиёсати давлатиро ба таври назаррас васеъ менамояд. Акнун дар маркази таваҷҷуҳ ҳуқуқи инсон, имкониятҳои баробар, фарогирӣ ва иштироки пурраи шахсони дорои маъюбӣ дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа қарор мегиранд.
Тибқи маълумоте, ки қаблан ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар парлумон садо дода буд, тақрибан 60–65 фоизи меъёрҳои он нав мебошанд. Яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони дорои маъюбӣ мебошад.
Яке аз муҳимтарин меъёрҳои қонун манъи мустақими табъиз аз рӯйи аломати маъюбӣ мебошад. Солҳои зиёд созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ба мавҷудияти чунин мушкилот дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ишора мекарданд.
Акнун мақомоти давлатӣ уҳдадоранд на танҳо ба ҳолатҳои табъиз вокуниш нишон диҳанд, балки барои пешгирии онҳо низ чораҳои низомманд андешанд. Қонун таҳия ва татбиқи барномаҳои махсус, ошкор ва таҳқиқ намудани ҳолатҳои табъиз, истисмор, зӯроварӣ ва муносибати таҳқиромез нисбат ба шахсони дорои маъюбиро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин зарурати пешгирии табъиз дар масъалаҳои никоҳ, оила, модарӣ, падарӣ ва муносибатҳои шахсӣ махсус таъкид шудааст.
Яке аз муқаррароти калидии қонун таъмини ҳуқуқ ба таҳсил мебошад. Давлат уҳдадор мешавад, ки низоми таҳсилоти фарогирро дар тамоми зинаҳои таълим, аз ҷумла дар барномаҳои иловагии таълимӣ рушд диҳад.
Барои кӯдакон ва ҷавононе, ки ба шароити махсуси таълиму тарбия ниёз доранд, таъсиси мактаб-интернатҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои махсуси касбӣ пешбинӣ шудааст. Дар муассисаҳои томактабӣ бошад, расонидани кумаки зарурии тавонбахшӣ таъмин карда мешавад.
Навоварии муҳими дигар ба масъалаи шуғл дахл дорад. Тибқи қонун, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон вазифадоранд на камтар аз се фоизи ҷойҳои кориро барои шахсони дорои маъюбӣ ҷудо намоянд.
Ба гуфтаи мутахассисон, маҳз ҳамоҳангии кафолатҳои ҳуқуқӣ, таҳсилоти фарогир ва васеъ гардидани имкониятҳои шуғл метавонад барои иштироки воқеии шахсони дорои маъюбӣ дар ҳаёти иқтисодӣ ва ҷамъиятии кишвар замина фароҳам оварад.
Қонуни нав амалан гузариш аз модели дастгирии иҷтимоӣ ба модели фарогириро таҷассум мекунад, ки дар доираи он шахси дорои маъюбӣ на танҳо ҳамчун гирандаи кумак, балки ҳамчун иштирокчии баробарҳуқуқи рушди ҷомеа ва давлат эътироф мегардад.
Акс:азия+
