Душанбе, 29 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи стратегияи рушди саноати муосири нассоҷиро, ки ба коркарди амиқи пахтаи ватанӣ ва истифодаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза асос ёфтааст, идома медиҳад. Қадами навбатӣ дар ин самт баргузории 23 сентябри соли 2026 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe Форуми байналмилалии нассоҷии Tajikistan Textile Forum – 2026 хоҳад буд.

Форум бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии истеҳсолкунандагони нассоҷӣ (ITMF) баргузор гардида, ба платформаи асосии сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолоти пурраи нассоҷӣ табдил меёбад.
Чорабинӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди пахтакорӣ, коркарди пахта ва саноати нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2040 баргузор шуда, таъсиси кластерҳои муосири нассоҷӣ ва расонидани содироти маҳсулоти тайёр ба 3 миллиард доллари ИМА-ро пешбинӣ мекунад.
Имрӯз Тоҷикистон ба сармоягузорон беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахтаи солона, истеҳсоли тақрибан 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обӣ, имтиёзҳои дарозмуддати андозиву гумрукӣ, созишномаҳои сармоягузории тасдиқшуда ва 50 дарсад тахфиф барои истифодаи неруи барқ ба корхонаҳои дорои истеҳсолоти пурра пешниҳод менамояд. Ин омилҳо ба талаботи байналмилалии ESG ҷавобгӯ буда, ба коҳиши изи карбонии маҳсулоти нассоҷӣ мусоидат мекунанд.
Дар форум ба сармоягузорон маҷмӯи лоиҳаҳои омодашуда — аз коркарди пахтаи хом то истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда — муаррифӣ мегардад. Барои аксари кластерҳои нассоҷӣ асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ таҳия шуда, технологияҳои Индустрияи 4.0 ва низоми рақамии пайгирии занҷираҳои истеҳсолӣ ҷорӣ мешаванд.
Интизор меравад, ки дар форум ҳайатҳои расмии зиёда аз 40 давлат, намояндагони IFC, Бонки ҷаҳонӣ, БАТР, БОР, бонкҳои исломии рушд, фондҳои сармоягузорӣ, ITMF, GIZ, UNIDO, истеҳсолкунандагони пешсафи таҷҳизоти нассоҷӣ, инчунин вазоратҳо, муассисаҳои илмӣ ва корхонаҳои Тоҷикистон иштирок намоянд.
Идомаи мантиқии Форуми аввалини байналмилалии нассоҷии соли 2025, ки заминаи навсозии технологияи соҳаро гузошт, Форуми соли 2026 барои таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои ояндадори нассоҷии «сабз»-и Авруосиё, ки энергетикаи тоза, технологияҳои муосир ва муҳити мусоиди сармоягузориро муттаҳид месозад, хизмат хоҳад кард.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
