Аз таҷрибаи Австрия ба идоракунии муосир: мутахассисони Тоҷикистон усулҳои нави ҳифзи ҳудудҳои муҳофизатшавандаро омӯхтанд - ИА Караван Инфо
Аз таҷрибаи Австрия ба идоракунии муосир: мутахассисони Тоҷикистон усулҳои нави ҳифзи ҳудудҳои муҳофизатшавандаро омӯхтанд

Душанбе, 31 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Гурӯҳи мутахассисони зан ва мард аз ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубодилаи таҷриба ба Парки миллии Ҳоҳе Тауерн дар Ҷумҳурии Австрия сафар намуданд. Ин парк яке аз намунаҳои беҳтарини идоракунии ҳудудҳои муҳофизатшаванда дар Аврупо ба шумор меравад.

Сафари мазкур дар доираи лоиҳаи «Нигоҳдорӣ ва идоракунии устувори экосистемаҳои арзишманди хушк дар ҳавзаи поёноби Амударё», ки бо маблағгузории Фонди глобалии экологӣ (GEF) амалӣ мегардад, ташкил карда шуд. Ҳадафи асосии он омӯзиши таҷрибаҳое мебошад, ки метавонанд барои такмили идоракунии ҳудудҳои муҳофизатшавандаи Тоҷикистон мутобиқ ва татбиқ гарданд.

Дар рафти боздид иштирокчиён бо усулҳои муосири идоракунии ҳудудҳои муҳофизатшаванда, мониторинг ва таҳқиқоти гуногунии биологӣ, рушди устувори экотуризм, маърифати экологӣ ва ҷалби меҳмонон аз наздик шинос шуданд.

Қисми муҳими барнома омӯзиши таҷрибаи ҳамкорӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ ва соҳибкорон буд. Таҷрибаи Австрия нишон медиҳад, ки ҳифзи табиат метавонад ҳамзамон бо рушди соҳибкории маҳаллӣ, пешбурди маҳсулоти истеҳсолшуда таҳти бренди ҳудуди муҳофизатшаванда ва фароҳам овардани манбаъҳои нави даромад барои аҳолӣ бомуваффақият ҳамоҳанг карда шавад.

Ҳайати Тоҷикистон инчунин аз марказҳои сайёҳӣ, пойгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳое, ки таҳти тамғаи парки миллӣ фаъолият мекунанд, боздид намуд. Ин таҷриба ба иштирокчиён имкон дод, ки роҳҳои ҳамгироии ҳифзи муҳити зист бо рушди иқтисоди маҳаллӣ ва сайёҳии устуворро аз наздик омӯзанд.

Тибқи натиҷаҳои сафар, таҷрибаи андӯхташуда барои такмили идоракунии ҳудудҳои муҳофизатшавандаи Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Аз ҷумла, таъсиси марказҳои муосири сайёҳӣ, таҳияи барномаҳои таълимии экологӣ, ҷорӣ намудани низомҳои мукаммали мониторинги гуногунии биологӣ, рушди ташаббусҳои экотуризми устувор ва густариши ҳамкорӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла занону мардони соҳибкор ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз самтҳои асосии ин раванд арзёбӣ гардиданд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим ва коҳиши босуръати гуногунии биологӣ, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои нодири табиӣ, экосистемаҳои кӯҳӣ ва ҳудудҳои васеи муҳофизатшаванда мебошад, татбиқи чунин таҷрибаҳо ҷузъи муҳими сиёсати давлатии экологӣ ба ҳисоб меравад.

Таҷрибаи Австрия нишон медиҳад, ки ҳудудҳои муҳофизатшаванда метавонанд ҳамзамон вазифаҳои ҳифзи табиат, рушди сайёҳии экологӣ, маърифати аҳолӣ ва дастгирии иқтисоди маҳаллиро иҷро намоянд. Татбиқи чунин модел дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки самаранокии идоракунии ҳудудҳои муҳофизатшаванда баланд бардошта шуда, рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи гуногунии биологӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ таъмин гардад.

АКС: Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) дар Тоҷикистон