Остона, 29 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Қазоқистон ба модели нави рушди сармояи инсонӣ мегузарад, ки ба сифати таҳсилот, малакаҳои рақамӣ ва тайер намудани мутахассисон барои иқтисодиёти дониш таъкид мекунад. Дар ин бора вазири илм ва таҳсилоти олӣ Саясат Нурбек дар форуми National Think Tank Forum (Нэшнл Синк Тэнк Форум) изҳор дошт.

Дар тӯли панҷ сол шумораи донишҷӯёни донишгоҳҳо ва ташкилотҳои таҳсилоти баъдидипломӣ 16 фоиз афзуда, ба 724,1 ҳазор нафар расид. Ҳамзамон, омодасозии амалии кадрҳо васеъ намуда мешавад: ҳар сол тақрибан 10 ҳазор донишҷӯ дар ширкатҳои Фонди “Самруқ-Қазина” (Самрук-Қазина) дуалӣ ва таҷрибаомӯзӣ мекунанд.
Ба зеҳни сунъӣ диққати махсус дода мешавад. Дар доираи барномаи AI-Sana (Эй-Ай Сана) беш аз 706 ҳазор донишҷӯ дониши асосӣ гирифтанд. Дар донишгоҳҳо 442 агенти ЗС ҷорӣ намуда шудааст.
Саясат Нурбек қайд намуд:” зеҳни сунъӣ яке аз салоҳиятҳои асосии системаи муосири таҳсилоти олӣ мегардад”.

Ба гуфтаи вазир, нақши илм низ тағйир меёбад: таҳқиқот бояд ба технология ва маҳсулоти дархостшуда табдил ёбад. Хароҷоти дохилии корнамудҳои илмӣ ба 173 миллиард тенге расид ва 31% лоиҳаҳо аллакай тиҷоратӣ намуда шудаанд.

Имрӯз дар Қазоқистон 33 филиали донишгоҳҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд ва шумораи донишҷӯёни хориҷӣ аз 37 ҳазор нафар зиёд аст. Ҳамаи ин мавқеи кишварро ҳамчун маркази таълимӣ ва илмии Осиёи Марказӣ мустаҳкам менамояд.
Аксҳо: ВИТО ҶҚ
