Қазоқистон лоиҳаи коркарди партовҳои электрониро оғоз мекунад - ИА Караван Инфо
Қазоқистон лоиҳаи коркарди партовҳои электрониро оғоз мекунад

Остона, 10 июли соли 2026-АИ  Караван Инфо. Қазоқистон лоиҳаи “Пешбурди даврабандӣ ва самаранокии истифодаи захираҳо дар давраи ҳаёти электроника” – ро оғоз мекунад. Ҳадафи он коҳиш додани зарари моддаҳои хатарнок дар партовҳои электронӣ ба саломатии одамон ва муҳити зист мебошад. Лоиҳа аз ҷониби фонди глобалии экологӣ (ФГЭ) дар доираи барномаи “Идоракунии Глобалии электроника” (GEM) маблағгузорӣ намуда мешавад, ки онро Созмони Милали муттаҳид оид ба рушди саноатӣ (ЮНИДО) бо иштироки Барномаи смм оид ба муҳити зист (ЮНЕП) роҳбарӣ мекунад.

Партовҳои электронӣ – яке аз ҷараёнҳои босуръат афзояндаи партовҳо дар ҷаҳон мебошанд. Онҳо ҳам моддаҳои хатарнок ва ҳам металлҳои қиматбаҳо доранд, ки ҳангоми партофтани нодуруст гум мешаванд.

Директори департаменти Идоракунии партовҳои Вазорати Экология Руслан Тукенов изҳор дошт, ки масъалаҳои коркарди партовҳои электронӣ дар чорроҳаи сиёсати саноатӣ, рақамисозӣ ва амнияти захираҳо қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, оғози лоиҳа – як марҳилаи муҳим барои гузариш ба иқтисоди даврӣ мебошад.

Дар шаҳрҳои озмоишӣ моделҳои ҷамъоварии партовҳо аз аҳолӣ санҷида мешаванд, ба коркардкунандагон дастгирии техникӣ мерасонанд. Лоиҳа инчунин ба татбиқи мониторинги ҷараёни партовҳои электронӣ ва тақвияти ҳамоҳангсозии байни давлат, тиҷорат ва созмонҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Директори иҷроияи маркази “Мусоидат ба рушди устувор” Вера Мустафина қайд намуд, ки лоиҳа барои муколамаи байни давлат, тиҷорат ва коршиносон барои табдил додани мушкилоти партовҳои электронӣ ба як қисми иқтисодиёти муосири даврашакл замина фароҳам меорад.

Оғози расмӣ 30-юми июн дар Остона бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони электроника, ассотсиатсияҳои соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд. Дар семинар ҳадафҳои лоиҳа ва мушкилоти асосӣ муҳокима намуда шуданд.

Аксҳо: Вазорати Экология ва захираҳои табиии ҶҚ