Қазоқистон мавқеи худро дар рейтинги ҷаҳонии сифати зиндагӣ мустаҳкам намуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон мавқеи худро дар рейтинги ҷаҳонии сифати зиндагӣ мустаҳкам намуд

Остона, 10 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Қазоқистон дар рейтинги ҷаҳонии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ се зина боло рафт ва дар байни 169 кишвар ҷои 67-умро гирифт. Бузургтарин пешрафт дар соҳаи тандурустӣ қайд намуда шудааст.

Дар як соли охир дар кишвар фавти навзодон 9,3% коҳиш ёфта, фавти кӯдакони то панҷсола 2,1% коҳиш ёфта, бемории сил якбора 36% коҳиш ёфтааст. Ғайр аз он, фавти марбут ба ифлосшавии ҳаво 29% коҳиш ёфтааст ва давомнокии умр зиёд шудааст.

“Динамикаи мусбат натиҷаи кори системавӣ оид ба рушди тандурустӣ, тавсеаи барномаҳои пешгирикунанда ва дастрасии бештари ёрии тиббӣ буд”, — қайд намуданд мутахассисон.

Сатҳи таваллуди наврасон дар байни духтарони аз 15 то 19-сола низ 12,7% коҳиш ефтааст.

Қазоқистон аз соли 2015 рӯзномаи рушди устувори СММ-ро амалӣ мекунад. Беҳтар намудани нишондиҳандаҳо самаранокии сиёсати давлатиро, ки ба баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ равона шудааст, тасдиқ мекунад.

Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ