Остона, 25 марти соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев сафири Аморати Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Ал-Арикиро қабул намуд. Ҷонибҳо вазъи Ховари Миёна ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.

Кошербаев дар робита ба ташаннуҷи афзоянда дар минтақа изҳори нигаронӣ намуд ва мавқеи доимии Қазоқистонро таъкид намуд ҳалли ҳамаи масъалаҳои баҳсбарангез танҳо бо воситаҳои сиесӣ – дипломатӣ дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ.
Мусоҳибон сатҳи баланди муколамаи сиесии байни кишварҳо, рушди босуръати робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро қайд намуданд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ҷонибдории рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозии амалҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тасдиқ намуданд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
