Қазоқистон ва Австралия ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш хоҳанд дод
Остона, 9 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исагалиев сафири Австралия Ҷон Гирингро қабул намуд. Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба густариши муколамаи сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Сафири Австралия ислоҳоти сиёсиро дар Қазоқистон, аз ҷумла интихоботи анҷумани миллӣ (Курултай) баланд арзёбӣ намуд. Мусоҳибон инчунин ҳамкориҳоро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар майдончаҳои бисёрҷониба, инчунин масъалаҳои дастгирии мутақобилаи ташаббусҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба кишварҳои минтақа мубодилаи афкор намуданд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
