Остона, 17 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Ержан Ашикбаев бо ҳайати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бо роҳбарии Директори департаменти стратегияи иқлим Фелисити Спорс мулоқот намуд. Ҳамкорӣ дар рушди устувор, маблағгузории “сабз”, гузариши энергетикӣ, инфрасохтори нақлиетӣ ва мунисипалӣ, рақамисозӣ ва дастгирии тиҷоратро муҳокима намуданд.

Ба таъсиси платформаи миллии сармоягузорӣ оид ба гузариши одилонаи энергетикии Кю-эй-джет (QaJET – Kazakhstan Just Jergy Transition Platform) диққати махсус дода шуд. Таъсиси онро президент Қасим-Жомарт Токаев дар сессияи Ассамблеяи Генералии СММ дар соли 2023 оғоз намуд. Платформа бо дастгирии БАТР дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва Вазорати экология амалӣ намуда мешавад. Он барои оғози расмии конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31 Конфронси 31 – уми тарафҳои конвенсияи Чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим) дар моҳи ноябр дар Анталия омода намуда мешавад. Ҷалби маблағгузории байналмилалии иқлим ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.
Ашикбоев изҳор дошт, ки Қазоқистон ба шарикӣ бо БАТР аҳамияти калон медиҳад ва саҳми бонкро дар ислоҳоти иқтисодӣ ва рӯзномаи иқлимӣ хеле қадр мекунад. Вай омодагии ВКХ-ро барои пешбурди платформа, аз ҷумла ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва фондҳои иқлимӣ тасдиқ намуд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо нияти таҳкими шарикии стратегӣ ва идомаи ҳамкорӣ дар лоиҳаҳо барои рушди устувор ва расидан ба ҳадафҳои иқлимии Қазоқистонро тасдиқ намуданд. Вазорат қайд намуд, ки қадамҳои минбаъдаи рушди платформа дар ояндаи наздик мувофиқа намуда мешаванд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
