Қазоқистон ва Бонки Ҷаҳонӣ стратегияи нави шарикиро то соли 2031 омода мекунанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Бонки Ҷаҳонӣ стратегияи нави шарикиро то соли 2031 омода мекунанд

Остона, 12 марти соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Ашикбаев бо директори минтақавии бонки Ҷаҳонӣ Оид ба Осиеи Марказӣ Андрей Михнев ва Раиси IFC (корпоратсияи байналмилалии молиявӣ) дар ҶҚ Зафар Ҳашимов мулоқот намуд. Ҷонибҳо таҳияи Стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2031 баррасӣ намуданд.

Ашикбоев Бонки Ҷаҳониро яке аз шарикони калидии байналмилалии кишвар номид. Вай хотиррасон намуд, ки дар Доираи стратегияи қаблӣ (2020-2025) дар Қазоқистон 14 лоиҳа ба маблағи тақрибан 4,2 миллиард доллар амалӣ намуда шуд.

Михнев дар бораи рафти омодасозии стратегияи нав ва лоиҳаҳои ояндадор дар инфрасохтори нақлиётӣ, навсозии бахшҳои коммуналӣ ва энергетикӣ, идоракунии захираҳои об ва дастгирии ислоҳоти сохторӣ нақл намуд.

Ҳашимов фаъолияти Корпорасияро дар Қазоқистон баррасӣ намуд. Дар байни самтҳо – лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, бахши молиявӣ, маблағгузории хурд, инчунин ташаббусҳои машваратӣ оид ба рушди бозори ипотека ва барномаҳои электромобилӣ .

Ҷонибҳо инчунин тағйироти рақамӣ, рушди роҳи оҳан, навсозии ХКХ ва густариши шарикии давлатӣ-хусусиро муҳокима намуданд.

Дар натиҷаи мулоқот таваҷҷӯҳи тарафайн ба таҳкими муколама тасдиқ намуда шуд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: